Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

хонда хол гирифтааст, ки ин қадар ҳудаву беҳуда ба боғи пурмевайи «Тоҷик» санг меандозад.
«Шумо худатон аз тоҷикҳойи куҷо?»
Ин пурси Тоҷиддини ростгӯ. Аммо худдорӣ мекунад, ки киройи сухан надорад. «Тоҷик» гуфтанаш шояд баҳона бошад. Суханчин низ будагист? Ё шояд ин як воситайи ангехтани тоҷикҳо бошад миёни ҳам?
«На! Ҳар кӣ хуни туркӣ дорад, тоҷикталошӣ ё тоҷиктарошӣ кунад!»

КОШ ЗОДА НАШУДАМ-Э!
Одам бимирад!
Бо ҳама буду набудаш; доройиву нодориаш бимирад!
Бо ҳама фисқу фуҷур; ҳаромиву расвойӣ; покиву порсойӣ, яҳудиву насрониву буддойӣ ва мусулмониаш; Бо ҳама эҳтиёту беэҳтиётӣ; хуш хӯрдану аз даҳон рехтан ё заъфи меъда; гулу гиёҳ; асалу оби бемаргӣ ошомидан; моҳиро чок карда тухм ситонидану рӯзӣ кардан; аз пайи ҳазор соҳиру ҷодугар гаштан; буду нобуди хешро баҳри сиҳҳатӣ дареғ надоштан – бо умеди бемаргиву безаволӣ бимирад!
Мурдани Одам саҳл, вале зиндагиаш душвор; сахт душвор!
Ҳама ҳунарашро сарф кунад, то намирад. Хӯрдан баройи намурдан... Аммо бимирад: даҳонбаста, забонбаста, манаҳбаста бимирад. Орому хамӯш, бесухан, на шоду на маҳзун; сер ё гурусна; доро ё гадо; кӯр ё бино бимирад чунон ки буд...
Агар намирад, миронандаш; кушандаш!
Аммо заҳмати қотил зиёд бувад: чӣ ҳунарҳойи нобудӣ бофта барорад; чӣ қадар мағз обу адо кунад; чӣ ранҷу шиканҷа ва бехобӣ кашад, то якеро нобуд созад дар куштори аввал; ноогоҳ аз он ки сӯйи аҷал бишитобад, шояд пештар, шояд сонитар аз оне ки мурданашро хоҳад?
Дар ин саройи дудар чӣ сар одам буду ҳасту меояд, ҳамон ранг, ҳамон навъ, ҳамон шумор марг бувад. Танҳо онҳое – гурӯҳҳое, ки ташкил карда бо «Белорус» чоҳ канда зиндабагӯр мекунанд, якранг миранд; гарчӣ якранг гӯр карда шаванд, якранг ҳаво наёфта, дамгир, ҳатто даҳон воз карда натавониста, соф шаванд, ҷудогона ҷон бидиҳанд. Ҳама орзуву ҳавас, саргузашту ёддошт ва ният зери як пардайи сиёҳи батар аз зулмот, ки нафас кашидан имкон надорад, печад; мирад.

пешина
аз 344
навбатӣ