МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дигаргуна мурдан бангиёнро мурдан ҳисоб наёбад. Бавижа бо аҷали хеш мурдан. Аммо чунон мурдан ва сӯхтан, пӯст кандан, овехтан, маслуб кардан, дар ҷувол андохта, борсанг карда ба руду шату дарё ҳаво додан таваҷҷуҳи сарзадаҳоро афзояд. Зеро онон дар ин гетӣ бисёр бозиҳойи куштор ихтироъ карда, мардумро андармон доштан хоҳанд, гарчӣ чархи таърихро боздошта натавонанд. Бавижа борсанг бастан, ки ба зудӣ ҷанозаро пайдо карда натавониста, рудҳоро баргардонидан ё хушконидан рост меояд...
Бо тир куштан кори осон; корд задан дардовар; сар буридан чу ҳайвон ҷон додан аст: сар ҷудо, тан ҷудо ҷон диҳаду бозӣ кунад ва чашмон аз Олам носер боз монанд.
Чӣ ҳоҷати куштан? Накушта ҳам худи одам мирад. Яке шикам чу бом мирад, дигаре пӯсту устухон. Мурдааш хӯрдаашро аён созад ва дар ин Олам чӣ карданашро; чӣ баномус ё беномус, бенанг, беъор буданашро... ва ба гӯр чӣ бурданашро!
Шикам дарида, рӯда пеши чашми пурхӯр баровардан низ аҷиб; ӯ бубинад, ки хӯрдаҳойи ҳалолу ҳаромаш чӣ ранг гаштаанд. Аз рӯдаву шикамбайи пури ҳайвонро дидан ғаши кас наояд, зеро ҳайвон ҳалол; сагро мо нахӯрем, дар баъзе ҷойҳо хуранд чунон ки хукро. Инсон ҳаром. Аз ин рӯ рӯдаву меъдааш ғашовар; бо вуҷуди гули гиёҳ хӯрданаш. Инсонро ё баройи бадиаш кушанд ва ё баройи моли ҳаром ғундоштанаш.
Ҳайвонро кушанд баройи нафси одамиро қонеъ гардонидан...
Менависаму намефаҳмам, ки чаро чунин нависам. Кӣ маро ба ин роҳ такон диҳад? Зеро аз Азал то Аҷал нависанд ҳам кӣ будани одамро муайян карда натавонанд. Агар муайян кардан имкон дошт, як китоб навиштан кифоя буд. Вале... Ҳар қаламкаш садкитобӣ нависад ҳам Одам ноомӯхта монад. Зеро ҳеҷ кас хештанро надонад ва нашиносад, ки кист. Агар чизеро дар шомоти хеш хонад, хандад, ки ҳамсояро навиштаанд, на ӯро. Зеро пиндорад, ки хубтар, донотар, бофаҳмтар, одилтар, сахитар... аз ӯ касе набувад. Гиламанд низ бошад: «Ӯро нашинохтанд, ба қадраш нарасиданд...» Ҳамин зайл, Одам дар ин дунё кори шойистае накарда, ба қадру қимати хеш сӯхта мирад ва норозӣ равад аз дорулфано ба дорулбақо бо умеде, ки он ҷо дарёбад хостаашро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё