Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳаминро ҳам намебинад? Тую он чинори баланд бахилтарини бахилон. Ҳатто забонаш намегардад, ки чизе гӯяд. Ҳамин хислаташ ба ман монанд: «Забони ман ҳам намегардад, ки тракторчиро гӯям: «Ин зани ман, чӣ ин қадар нигоҳ мекунӣ?!»
Бар падари ту барин санг лаънат! Ба худи ман ҳам! Сарам гиҷ шуд. Қариб поям ба зерат монда қӯр-қӯр гашта буд.
«Ғел!» гуфта, ба тагат мисрон андохта бардорам, намеғелӣ!
Лекин худ ба худ мелағҷӣ! Борон борид. Тагат нам гирифтдия-а? Ғел! Ҳарра шав! Мазори бешафоъат барин замин зер мекунӣ? Ҳарра нашавӣ, ҳама ашкамро ба сарат мерезам. Хаёлат аламам фақат нашикастани ту? Неее... аламам зиёд. Аз реги селовард ҳам зиёд. Лек аз ашки ман суде нест... (Сангфарсо ба сари санг зада) ана... ана... ана!!! Дигар илоҷ надорам. Алам аз ту меситонам... Охир кай меойӣ, писарҷон! Ту аз кирдори Оламу одам бехабар: доллари фиристодаатро очат гирифта ба тракторчӣ қарз дод; Чунки ӯ қартабозӣ карда ҳама бисоташро бой додааст; қариб занашро ҳам. Акнун ҳар рӯз очат пеши ӯ метозад. «Ба ӯ чӣ кор дорӣ?» гӯям, «Доллари бачаро гирифта буд. Намедиҳам» мегӯяд. «Аз ӯ забонкӯтоҳӣ?»
пурсам. Бад нигоҳ мекунад. Гӯё ба ҳама кору кирдори бади олам ман гунаҳгор бошам. Ё ман маънийи Одамро намефаҳмам ё маро гӯлу гумроҳ ҳисоб мекунанд. Ягон чизи Олам бемақсад офарида нашудааст. Ягон кораш ҳам бемақсад набояд бошад. Ман сангшикан. Шабу рӯз (агар чашмам бинад) бароям баробар. Чунки буду шудам, бисотам, доройиам ҳамин; ана ҳамин сангфарсойи якманӣ. Ба сари ту барин санги қайсари якрав мезанам, то рӯзам гузарад. Бубахш маро Санг! Ин якманиро ба сари бадон бояд занам; ба сари онҳое, ки гуфти Худоро намекунанду аз пайи нафс медаванд Худоро фаромӯш карда. Ҳайф, ки дастам кӯтоҳ, забонам ногиро, чашмам кӯр, гӯшам кар... ақл нест; ҳамон ақле ки дигарон ҳам надоранду ба кас ёд медиҳанд... Ту наранҷ Санг! Ба сарат кӯфтанам аз ноилоҷӣ. Ҳеҷ кас нагуфтааст, ки аз дасти Замон кори дигар намеояд. Меояд Сангҷон. Дуздӣ ҳам аз дастам меояд; нокасӣ ҳам, чунон ки аз дасти дигарон. Дуздӣ карда; нокасӣ карда, ба даст афтода зиндон шавам ҳам азобаш аз ин кори ман вазнинтар набудагист?

пешина
аз 344
навбатӣ