МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
(Ба кафи дастони боз нигариста) Дар Аристон ҳам дасти кас ба ин ранг обчаку обила намекардагист. Ина бин-э: қабат-қабат пӯст дарида, пӯсти нав баромадааст; қабатҳойи замин барин: хок, рег, сангчол, шах, шағал, зарраҳойи тилло... Охиринаш дар хунам ҳасту дар дастам нест. Мешуд, ин қадар озору азоб набуд. Дар офаридаву додаҳоят мурам, Худованд! Оламро дидиву як бор ҳоли маро надидӣ... Айб аз худам ҳам будагист: Зеро ба фармудаву навиштаву додаат қаноъат мекунам. Яки туро ду намегӯям; пешаам сабру қаноъат...
Э ин тракторашро овардааст-ку! Ё ин трактори Бомирзо бошад? Не. Овози аробатрактори ӯ не. Вай тап-тап-тап карда меояд ва гоҳ-гоҳ газ баланд мекунад. Ин тир-тир дорад. Аз они ҳамсоя. Лекин чӣ хел гардонда гирифт? Бой дода буд-ку дар қимор? Ҳааа... Доллари бачаро аз дасти занак баройи ҳамин гирифтааст. Доллар дар нӯли зоғ. Занака мӯяш дарозу ақлаш кӯтоҳ мешавад. Ба ягон дурӯғи ӯ бовар карда доллари бачаро дод; акнун ёбу гир! Намефаҳмад-дия, намефаҳмад.
Агар фаҳмад, ки азоби писар дар мулки бегона аз азоби падар сад бор зиёд, ин корро намекард... Неее, мекард. Гуфтам-ку, ақли зан кӯтоҳ. Ба саҳл дурӯғ бовар мекунад. Доштаву надоштаашро бароварда медиҳад... Ин трактори ӯст. Чунки дудаш аз қадди чинор болотар баромад. Якбора гази баланд дода хомӯш карданаш ҳам кори пойи ҳавай. Ба таги чинор, пушти дарахт, дами дарвозайи мо андаке пойи рафт суст карда аз роғ нигаристанаш; ба атроф чашми тарс давонданаш; дуздона қадам партофтанаш аз они ҳамсоя. Дигар кас мебуд, ҳоло дод мезад: «Замонбой, ҳӯ Замонбой! Санги фурӯшӣ ҳаст?» Ин хаппаки таги таппакро кору рафтор чунин. Оҳ, чунон муғамбир, киии...
Бор борон! Дар вақташ наборидӣ. Киштаҳоро хушк кардӣ, пуштаҳоро сӯхтӣ! Акнун боридан гир! Дар намат садқа, сабз нагардонӣ ҳам мулойим мекунӣ-ку! Дар тани санги сахт ҳам нам расад, шикастанаш осон мегардад. Лекин ин хел не-дия. Аз оби чашми ман ҳам гузаронидӣ. Медонӣ, ки аз оби чашми ман гиёҳе сабз нагардид; ҷуз рухсору сари сина ва замини пеши пой ҷое нам нагирифт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё