МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ин лаҳзае буд, ки ҳама аз кардаҳойи бад пушаймонӣ доштанд. Шояд то роҳ додани гӯр чунин андеша дар сарашон давр гардад... Лек дили одаткарда – балойи ҷон... Ба назар зери куртаву эзорашон кайк даромад: дар баданашон чизе меҷунбид ё танашон хориш мекард: «Омадани чунин ҳол ба сари ҳар кас аз эҳтимол дур нест. Чунки бандайи бегуноҳе нест. «Ҳар кӣ хеш порсо гирад, гунаҳгортар аст».
Яке садойи бакавул баланд шуд:
«Ҳар кас аз роҳи дур омадаст, хуш омадаст! Чунки...»
Меҳмонон як-як нигаристанд ба ҳам ва пурсу посухе накарда, яке нафаси аҷиб, дигаре садойи пасту ғариб бароварда, қомат барафрохтанд аз замин; баъзе дастрӯймоли ба зер густурдаро фаромӯш карда, дилу нимдил рафтанд бо роҳи омадаашон.
Офтоби монанд ба ташти оташ бар сари девори канори ин дунё амонат ҷой дошт ва ҳамин замон паси девор меғелид.
Гоҳи рафтан яке гуфт: «Дигар корҳояшро намедонам. Лек раҳматӣ кам-кам одати хабаркашӣ дошт. Дӯстро душман мекардагӣ ҳамин одат...»
4.05.07.
НИШОНИ ШОЪИР
Аз Шоъир фарзанд ва китоб ба мерос монд. Аммо унвоне ё нишоне аз мукофот намонда буд. Зеро новақт падруд гуфт олами рӯшанро. Ҷавонмарги пойтахтнишинро аҷал пешандоз карда ба зодгоҳаш Кӯҳистон бурд ва дард расиду фавтид.
Пайвандонаш ҷасади ӯро дар як баландийи ба таъбаш мувофиқ ба хок супориданд; лек «шашмақомхонӣ» нашуд.
Нишонҳойи давлативу ҳукуматӣ ҳам надошт, ки рӯйи болиштакҳо бардошта, пешопеши тобут бубаранд; сураташро ҳам дар чорчӯба нагирифта буданд; бо латтаҳойи сурху сиёҳ ба сарсина назада буданд. Оддӣ, чун як кӯҳистонӣ, ки ҳеҷ замон зиндагиаш дабдаба надошт, чунон ки ҳоло мурдагиаш; тобутро сари дӯш бардошта ба он баландӣ бароварданд...
Пасон ӯ дар зери теппахок шастсола шуд. Ана дар ҳамин синну сол пайвандон шасти ӯро ҷашн гирифтанд ва нишони сари синагӣ низ сохтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё