Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз ҳамон рӯз Собит медалдор шуд.
Нишони падарро болойи дил бардошта мегашт ва ба ҳамин хотир тамоми фаслҳо костюм мепӯшид. Касоне, ки чунин нишонро дар сари синайи «қаҳрамонон»-и Замон надидаанд, хам шуда, чашм ба сари синайи Собит оварда, ӯро шинохтанӣ мешуданд. «Ансориро монад...» Сари синайи писар медамад аз чунин ҳарф. Сонӣ худаш ҳам сар хам карда ба нишони сари синааш менигарад ва ҷойи ифтихорро хорӣ мегирад. Ба қадри хеш бошад ё ба қадри падар дилаш мегиряд. Ҳувайдо намесозад. Дили тафсидааш ашки ҷӯшидаро фурӯ мебарад. Ё ҳамин нишон нагузорад сиришк шоридани писарро. Зеро нишон дар сари синааш ҷон гирифта, чашм кушода ҳама чизро мебинад ва ҳоҷати ба гӯши қуфлзадаву чашми пӯшидааш гуфтани ин ё он ҳодисаву воқеъа нест. Ҳама чиз равшан ва ҳама касу ҳама ҷо ошно; ягон чиз тағйир наёфтааст. Собит ҳам чунон зиндагӣ мекунад, ки падар мекард: ҳамон чордевор; ҳамон сурати даруни чорчӯба; ҳамон дастархони як лабаш қатгардонида аз ҷабри пашша. Ана ҳамин пашша душмани бадтоли инсон, лекин ҳама дар хонааш роҳ медиҳад; аввал ӯ аз хӯрданиҳо чашойӣ мекунад, пасон одамон мехӯранд:
«Пашша хӯрду намурд. Заҳр надоштааст».
Собит намедонад, ки падараш чун мурд: аҷалаш расида ё беаҷал? Дилаш сӯзад, ки новақт рафт. Аз нозу неъмати гетӣ сер нашуд; чизе надид; дониставу сигол гуфта натавонист...
рафт. Шояд Оламеро, ки пиндошта буд, надид; одамонро, ки буданашонро орзу мекард, дарнаёфт; ҳамсӯҳбатеро, ки зиёд мехост, пайдо накард... Ин дунёро киройи зистан надонист ва рафт. Аммо касе надонист, ки чун рафт. Ба хонайи падарӣ омаду «хунук мехӯрам» гуфт ва кӯрпа ба сар печиду хобид ва бедор нашуд. Аз ин рӯ алами Собит зиёд, ки падар дар миёни як олам ҷондор мурду касе намедонад, ки чун мурд.
Ӯ нишони падар бар сарсина бардошта мегардад; болотар аз ҳамагуна нишонҳо. Дигарон нишонҳойи бегона бар сари сина бардошта бо ифтихор, баландсар, нерӯманд қадам зананд, Собит нишони падар мебардорад, ки доштааш дар ин дунё ҳамин аст.
9.05.07.

пешина
аз 344
навбатӣ