Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ва ту онро пухта наметавонӣ?!... Чаро ман ба ту гап мезанам? Ҳама гуфтаҳоямро ба рӯям мекашӣ. Ман ин чизҳоро баройи он мегӯям, ки ту бо эҳтиёт кор кунӣ. Хӯрокҳойи болаззат пазӣ... Бе хизмати ту ҳам дар ошхонаҳо заҳру зақум мехӯрем. Агар кас дар хонааш ҳам як умр заҳр хӯрад... ин дунё чӣ дунёест?
– Ва шумо заҳратонро ба ман мечакконед!
– Не! Андешайи ман дигар: ин дунё киройи зистан надорад. Тарзе бояд зиндагӣ кард, ки кас ба он дунё рафта пушаймониашро зоҳир накунад.
– Ин аз ману шумо вобаста?
– Боз аз кӣ?
– Биёед, лаби об равем; ҳалолро аз ҳаром ҷудо кунем...
– Ин кори ману ту не! Мо дар хонайи худамон хӯҷайин!
– Зӯри шумо фақат ба ман мерасад.
– Баройи он ки ту – хурд, ман – калон! Ман – калон, ту – хурд...
16.05.07.
ПАЙМОН
Дина чилсолагийи пирӯзӣ бар фашистони гитлерӣ ҷашн гирифта шуд. Дар тантана касе номи Степан Сергеевич Салимовро ба ёд наовард. Пеш аз ин дар солгардҳойи ҷашни ғалаба сират ва сурати Степан Сергеевич ҳама рӯзномаҳоро пур мекард, ки башардӯстӣ аз ин зиёд намешавад. Ӯ садрнишин, болонишин ва пешгуфтори ҳар маърака буд. Як костуми махсус дошт ва ҳама ордену медалу нишонҳояшро сари синайи он ба тартиб нишонда, як навъ рӯйин гардонда буд ва хеле гаронвазн. Аввалҳо «даҳ баробари дигар вазнин бошад, мебардорам» мегуфт ва оҳиста-оҳиста гаронии онро эҳсос мекард. На аз он ки солаш меравад, нерӯяш низ. На! Кадом хаёл ё андеша ва ё дарди дарун озораш медод. Дар базму ҷашнҳойи бузург шинад ҳам, шодмониву ситойиш зиёд бошад ҳам зери нишонҳойи қатору розпӯш дилаш метапид ва гоҳе меларзид. Чунин ҳол гоҳ-гоҳ рух медод; гоҳе ки дар борайи ордену медалҳо пур андеша кунад. Ё баъди сахт ба ҳаяҷон омада, корзорҳойи ҷангро пеши назар оварда, ҳикоят карданаш; ба фашистони олмонӣ лаънат хонданаш ва марги Степан Сергеевичро ёд овардану «паймон» бастанашонро ибрат нишон доданаш...

пешина
аз 344
навбатӣ