Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

сахт меларзиду зери обу арақ мемонд ва аз ҳолат мерафт. Ҳар бор чунин ҳолати ӯро қаҳрамонийи нав мепиндоштанд. Валек ҷиготаш гирифта, дилаш афшурда.
Қаҳрамонийи чунин касро, ки дар корзорҳо баҳодур бошаду гоҳи ёд овардани саргузашт чунин пажмурад ё хешро нигоҳ дошта натавонад, баъзеҳо шубҳа карданд. Аммо баройи он ки ҷавонон ва наслҳойи ояндаро ибрат бошад, бо мошин ё бо замбар бардошта то вохӯриҳо бурдан зараре надошт. Худи Степан низ ҳамин чизро мехост... Аммо якбора ба сараш зад, ки аз ин ҳам зиёдтар хушбахтӣ ҳаст: номзадиашро ба депутатӣ бояд гузорад. Қаҳрамонӣ – кам; намояндайи халқ бояд буд. Номзадиашро ба депутатӣ пешниҳод карданд. Он солҳо нав телевизор бо номи Ойинайи Ҷаҳоннамо ба намойиш сар карда буд. Ин номзадро ҳам дар қатори ҳарифон нишон медоданд ва сӯҳбат мекарданд.
– Шумо зодайи Тоҷикистон, миллататон тоҷик. Чаро номатон тоҷикӣ нест?
– Даҳани захми мана яла кардед... Худатон медонед, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ фақат ҷанг ба муқобили русҳо набуд.
Бар зидди ҳама одамони Иттифоқи Советӣ буд. Дар ин ҷанг аз ҳама гӯшаву канори мамлакати паҳноварамон ватандорон иштирок доштанд. Бо якдигар ёру бародар шуда буданд. Яке баройи дигаре ҷон медод. Ману Степан Сергеевичи тулагӣ паймони бародарӣ бастем: «Касе аз мо зинда монад, номи дигареро бардорад». Ман мурам, ӯ бояд Суръат мешуд. Ӯ мурд, ман Степан шудам...»
Ларзид. Арақ пахш кардаш. Дигар чизе гуфта натавонист.
Ойинайи нилгун сиёҳ шуд. Боз равшан гашта, гӯянда намуд.
Ба ҷойи қаҳрамон узр пурсид аз тамошобинон...
Аммо тамошобиноне низ буданд, ки ҳам қаҳрамонро дашном дода, фиребашро ошкор карданӣ мешуданд ва ҳам барандайи ноогоҳро сахту сақат мегуфтанд:
«О, ин Сурат-ку?!»
Гӯйӣ як деҳа тамошобин ва шиносҳойи атроф ӯро шинохтанд, ки баъди аз майдони ҷанг баргаштан (чанд сол дер) дар деҳа умр ба сар бурд ва мишмишу баногӯшийи шиносонро пай бурда, дум хода кард ва бенишон гашт.

пешина
аз 344
навбатӣ