Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар мӯйҳояш сафедӣ афтода бошад ҳам шинохтанд:
– О, ин ҳамон Сурати гуреза... пленафтода... Гапҳое, ки ӯ мегӯяд рӯсиёҳист. Нағма. Бофта...
– Шумо намедонед, ман медонам ин чизро: аз асирӣ гурехта, ноилоҷ монда чунин найрангро сохтааст. Гӯё ҳамяроқаш Степан мурдаву Суръат таги хок мондааст. Баъди чанд рӯз аз зери хок ҷунбида баромадааст... Касе ё маҳаллеро пайдо накарда овораву сарсон, батар аз мурда, то қисми ҳарбие расидааст ва арза доштааст паймонро. Сонӣ ному насаби Степан Сергеевичро дар шиноснома дарҷ карда як тану ду ҷон ба диёр баргаштааст...
Ва ариза навиштанд ҳамдиёрони ҳақгӯй. Номзадиаш ба депутатӣ боздошта шуд. Аммо ҳамчун қаҳрамон дар таърих монд.
25.05.07.
ШОХИ ШИКАСТА
Шохи тут худ аз худ шикаст. Наход ба вазни як нарди печидайи ток, ки нав ғӯра баста буд, ҳамин хел шохи неруманд хам оварда шиканад. Боз чӣ хел шикастан? Чунон ки шикаста афтад ё дар пӯст овезад, ё сар ба замин расида нигаҳ дорад, на. Хам оварда чунон, тана дукафон ҷағғида, роғ пайдо кард, ки аз байнаш гурба мегузашт. Баъдтар нард хам хӯрда ба замин расид ва мурғон ангурро хомохом ғӯраоб карданд. Сонӣ ҳамон мурғон нест шуданд: аввал хурӯси сафед, баъд хурӯси сурх ва мокиёнҳо ба навбат. Шағол бурд, саг хӯрд ё муш ва ё дузд бурд, маълум нагашт. Лекин як мокиёни тарсончак куҷое баҷо шудааст, ки тухмӣ монд. Вале чунон пару бол резонд, ки суп-сурх гӯшт гашта ғашовар шуд. «Мурғу пару бол»
будааст.
Айёми баргрез шохро буриданд. Арра шикаст: «Балойи омада ба ҳамин занад!» гуфтанд. Муаммойи сарбаста.
Рӯзе Ҷовидон ҷӯра овард. Ҷӯрааш дар кулбайи ӯ чӣ бӯй гирифтааст, ки фармудааст: «Ҷилди кӯрпаро чок бикун».
Ҷовидон хандидааст: «Чаро?»
– Корд ё дукорда биёр!
– Мон шӯхиҳота!

пешина
аз 344
навбатӣ