МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Не-не, бешӯхӣ! Ман дур меистам. Ана паҳлӯйи кӯрпаро чок бикун.
Ҷовидон абраву астари кӯрпаро чок карда, чизе надидааст.
– Пахтаашро тит бикун!
Аз қабати пахта бастае баромадааст ба андозайи нохун.
Андарунаш печида ба клёнка риштайи сергиреҳ, мӯйи сар, нохун... ва баъзе чизҳойи норавшан.
Чароғи хонайи ӯро фурӯзон дида дарро кушодам. Ҷӯрааш як қад парид, ки асрор ҳувайдо кардам. То онҳо парешон набошанд, салом гуфтам.
– Дада, ин кас ҷӯраам...
– Кӯрпа чаро ба чунин ҳол?
Ҷовидон чизе нагуфта он чизҳо рӯйи варақе пеш овард ва хомӯш маро намуд.
Баъди шиносойӣ бо Шамс, аз назари кунҷкобӣ, хоҳиш кардам, то ба кулбайи ман низ сар халонад.
Шамс пой аз остона дарун ниҳод ва ба рафи китобҳо дида дӯхт; ҳама ҷоро дида давонд ва баромада «зери остонаро бинед» гуфт. То фармуда иҷро шавад остонаро бояд канд. Аммо зери тахтайи остона роғе дошт, ки неши корд ҳам намерафт.
Сӯзан ё симаке лозим буд. Симаке пайдо шуд. Андохт ба роғу кашид. Баъди чанд раҳ амал кардан риштае омад ба нӯки сим.
Кӯҳна, рангбохта буд ва ҳуллида, ки тораке андармон медошт. Гиреҳи зиёд дошт. Ман тааҷҷуб кардам. Шамс дур рафт. Корде, ки дошт зери бинӣ овард ва бӯй кашида рост ба бехи ток нигаронд ва гуфт: «Бехи токро кобед!» Азбаскӣ шаб буд, афзуд: «Хокашро зери айвон оред ва дар равшанийи чароғ тит карда бинед!» Ду-се бел хокро оварда тит карда диданд. Чизе нест. «Дарунтар кобед!» Оқибат гиреҳе омад ба лой ҷӯлида. «Дар косае об оред!» Гиреҳро андаруни оби коса андохта шустанд ва латтааш ворафт. Боз баромад риштайи садгиреҳ, мӯй, нохун, дандони сафед, ки муайян карданаш сахт душвор буд, ки дандони чист ё кист, зеро бо решааш буд, лек решайи душоха на. Миёни решайи рости монанд ба пласмасӣ борикшуда; мехе қатгашта ба шакли ҳарфи «Г» буд ва ҷойи қатро занг хӯрда, тораке медошт.
– Амак, ин амал бар нобудийи шумо. Аввал бояд току дарахтро нобуд мекард, сонӣ ба шумо осебе мерасид. Дарахти тут балогардони шумо шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё