МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Акнун корҳоятон пешрав хоҳад шуд...
– Наход ба мани ба роҳи худ рост ҳам чунин бадӣ кунанд.
– Душмандорӣ... Душманатон хонагӣ...
26.05.07.
БАЙТҲОЙИ СОҲИБ
– «Дарди Дил» ҳаст?
Соҳиб ба пой рост шуд, аммо садо набаровард, ки омади баҳор хубие надорад.
– Ҳамон шоир шумо?
Соҳиб чизе нагуфт. Андеша дошт: «гӯсола чаппа омадагӣ барин...»
– Шумо дар кадом замон ва дар куҷо кор мекунед?
– Дар замони Истиқлолият. Дар шӯъбайи «Амрози Дил»-и бемористони ноҳияйи...
– Ноҷо омадаед. Шумо – шоир. Бояд, ки райиси иттифоқи нависандагон мешудед... Лекин «бо ҳазор дард» сарпизишки касалиҳойи дил шудаед?
– Рафиқ сардухтур...
– ... деворҳойи касалистон аз шеърҳойи шумо ранга шудааст:
«Аҳволи ман мапурс, ки бо сад ҳазор дард, Мебоядам ба дарди дили дигарон расид! (Соиб.)
– ... Ра...
– Кам не, ғам не! «Сад ҳазор дард». Инсоф кунед, аз баройи Худо! Ин хел одам, ки сад не, ҳазор не, сад ҳазор дард дорад ва худашро муолиҷа карда наметавонад, чи хел дигаронро табобат мекунад? Ҳӯй! Инсоф кунед! Ман ба ҷойи шумо бошам, як дақиқа ҳам дар ин балниса кор намекунам!
Шармандагӣ! Ман аз шумо бошам, аз худи ҳамин зол буромада меравам! Шумо на танҳо касалиҳоро табобат карда наметавонед, ҳар дардатон ба як касал гузарад, сад ҳазор одамро мекушед! Ҳол он ки ноҳияйи мо сад ҳазор одам надорад!
Инсоф кунед!!!
Соҳиб инсоф кард: Бархосту рӯ гардонд ва рост рафта дари толорро ба пой кушод...
26.05.07.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё