Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ЁЛИҚЧА
Онҳо 6а Олимпиада омада буданд. Дар он солҳо, ки зан нақши занро бозида наметавонист, Ҳасан ағоча шуда нақши кадом занро бозӣ мекард ва Ёлиқчаро чун тифли парпеч бағал гирифта, мегардонд. Ҳамон Ёлиқчайи паканайи бурутдорро.
Рӯзе чунин нақшбозӣ ба кор омад: Дар кинотеатри «Деҳқон»
филми нахустини беовозро намойиш медоданд ва он қадар сафу қатор истода чипта мехариданд, ки то шом навбат намерасид. Лекин аз кӯҳистони дур ба Олимпиада омадагон он қадар шавқи тамошойи филмро доштанд, ки андоза надошт. Ҳасан боз нақш бозид: Либоси занонаашро пӯшида бачайи бурутчадорашро бағал гирифт ва ба навбат истод. Дар он замон ба тамошойи театру кинотеатр омадани зан ҳам шараф буд. Зани бачабағалро бенавбат пеш гузоштанд ва марде омада аз дасти «зан» тифлро бурд. Ағоча чипта гирифта аз ғурфайи хазина дур шуд. Чиптафурӯш сар бурун оварда садо дод:
«Бақияйи пулатонро гиред!»
Ағоча ба пас нигоҳ накарда даст афшонд ва саргиракаш пас лағзид.
27.05.07.
ПАҲЛАВОН
Паҳлавон зӯр дошту ақл на. Аз ин рӯ баъзе нозукиҳойи маслаҳати дӯстонро нафаҳмид. Онҳо шарт монда буданд, ки дар дасти дуввуми гӯштӣ бояд биафтад ва Сангак пирӯз гардад; сонӣ Сангаки пирӯз бо Паҳлавон муомила мекунад. Аммо Паҳлавон нафаҳмид ва намедонист, ки муомила чӣ гуна бояд шавад. Аз ин рӯ дар дасти якум зери обу арақ монда зиёд андешид ва наъра кашида Сангакро ба сар бардошт. Довар тозон дошту гуфт: «Мекушиш...» Паҳлавон тарсид ва оҳиста ҳарифро росто ба замин гузошт: «Шӯхӣ накун...» як садойи паст буд. Паҳлавон сарфаҳм нарафт, ки садойи кист. Лек медонист, ки бо Сангак гӯш ба гӯшанд. Дар чунон ҳолат пеши назараш омад, ки Сангак сари фармони мошини жигулий нишаста аз назди истгоҳ гузашт ва ба Паҳлавон нигоҳ накард.
Алам кард ӯро. Сахт алам кард ва сиву ду рагро тарангу ҷамъ карда ҳарифро бори дигар ба сар бардошт ва гардонда ба замин зад.

пешина
аз 344
навбатӣ