Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Беҳ аз хоб аст ин бедории зеботар аз руъё,
Мадеҳ тан, эй дили бедор, бар хоби гарон имшаб!
Забони порсиро рўи тахти ҷовидон бингар,
Ба ҷои ҳарф мерезад шакарҳо аз лабон имшаб.
Сухан аз парда берун шуд, рухаш дилҷўю гулгун шуд,
Ту ҳам, эй хушсухан, дар худ намон дигар ниҳон имшаб!
Тамоми найситонҳоро қалам бинмуда бинвисем,
Нахоҳад шуд тамом, эй дўстон, ин достон имшаб!
Девор
Байни мо чизе нест,
Байни мо деворест.
Ту аз он сў бикунӣ такя ба он,
Ман – аз ин сў,
Яъне, аз ҷон ту ба ман такя кунӣ,
Ман – ба ту.
Дар ҷаҳони ту ҳазор озор аст,
Дар ҷаҳони ман низ.
Пуштибони ту ҳамин девор аст,
Пуштибони ман низ.
Бар сарам чун соя
Бошӣ, эй ҳамсоя!
Ҳаргиз ин девор байни ману ту
Бахшу тақсим мабод!
Пуштибони ману ту
Ҳеҷ гаҳ ним мабод!
Такягоҳи моро
Аз харобии қазо бим мабод!
Накунам ҳарф зиёд –
Такягоҳи ману ту барҷо бод!
Шеъре барои Шеърдўст
Матлаи шеър аст субҳи пурсафои Шеърдўст,
Мақтаи пурнур – шоми пурзиёи Шеърдўст.
Таб кунад, доруи хушку тар наҷўяд аз ҷаҳон,
Шеъри тар бошад ба ҳар хушкӣ давои Шеърдўст.
Дар самои сафҳа ҳар ҳарфе варо чун ахтарест,
Аз Сурайё нест поёнтар сарои Шеърдўст.
Хештанкоҳии шоирҳо барои хеш нест,
Ранҷи шоирҳо бувад акси вафои Шеърдўст.
Баски ҷои шеърашонро рўи чашмон кардааст,
Шоиронро рўи чашмон аст ҷои Шеърдўст.
Даст бар дил шоирон бар сактаи дил мерасанд,
То амон бошад зи санги сакта пои Шеърдўст.
Пирзавқӣ то ҷавон бар манзили маънӣ расад,
Ростҳарфи шоирон бошад асои Шеърдўст.
Дўстиҳояш ба шеъру шоирон омад ба ёд,
Аз дили мо шуд равон шеъре барои Шеърдўст.
Шеър мегўям,
Ишқ меварзам…
Шеърам ишқ аст,
Ишқам – шеър.
Субҳам шеър аст,
Шомам – ишқ.
Меҳрам ишқ аст,
Моҳам – ишқ.
Зиндагиам – Шеъру Ишқ.
Хуб медонам:
Ишқам дар ёди Ишқ мемонад!
Аммо Шеърам - дар ёди Шеър?..
Худо медонад…
Шеъри сукут
Биёед,
Алифбои шеърро шод кунем:
Ҳарф-ҳарф барги дарахтонро биомўзем
Ва сатр-сатр роҳҳои равонро азёд кунем.
Биёед, бубинем,
Ки чи гуна табиат
Ҳарф-ҳарф баргҳои хазонро
Мерезад ба ҷўи боғ,
Афзуда ҳусну ҳузни ин сатри равонро.
Биёед, бубинем,
Ки чи гуна сатри роҳ
Ҳарф-ҳарф одамонро
Мерасонад ба манзил…
Чаро наомўзем аз ин сатри комил?!
Биёед,
Аз шоирии кўҳ ибрат бигирем,
Ки бо басо маъниҳои ниҳонаш –
Ганҷу махзану конаш
Наменозад.
Чи собир шоирест он,
Ки бовар дорад:
Рўзе ганҷкобу конҷўи соҳибдил –
Маънираси комил
Мекунад кашф маъниҳои ниҳонашро,
Шеърҳои дилу ҷонашро…
Биёед,
Сафҳаи осмони шабонгоҳро бубинем,
Ки ҳарфҳояш чи дурахшонанд –
Ахтаронанд…
Пеши он шеъри поку баланд
Бипарҳезем аз ҳарфи пасту нодилписанд.
Биёед,
Рўшанбаёнии моҳро азхуд кунем
Ва истиораи истораҳоро
Ва гармии сухани офтобро,
Ки аз милён мил
Гарм мерасад ба дил…
Биёед,
Бо пари мурғон бипайвандем хомаҳоро
Ва парвози мурғон бидиҳем номаҳоро.
Биёед,
Аз боғи пургулу пурбулбул –
Аз ин шеъри рангину пурсадо –
Сабақҳо бигирем;
Фаротар бубинем –
Аз шоҳбайти роҳи оҳан
Ва шоҳмисраи хати парвози ҳавопаймо
Сабақҳо бигирем.
Биёед,
Барг-барг ашъори бетаровату хазоншудаамонро
Ба чанги бод бикунем,
Биёед,
Амиқтар ба андеша биравем,
Ақаллан
Якмаҷмўагӣ
Шеъри сукут
Эҷод бикунем…
Оқибат
Зиндагӣ мекушад маро рўзе,
Рўи мизам (ки мазраи умр аст)
Дони ҳарфе накишта мемонад,
Шеъраке нонавишта мемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё