Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Оҳанги абад Ба рўҳи поки оҳангсози бузург Талаб Саттор Бо чунон меҳру садоқат ба замин, Бо чунон меҳру садоқат ба замон Гуфта будам, ки намемирӣ ту Чун навоҳои хушу беғаши ҷон.
Бенаво буд дили содаи ман, Бо навои ту баногаҳ болид, Дар навои хуши дилпарвари ту Дил навои ҳаваси худро дид.
Рафт бо сози ту носозии ҷон, Рафт бо сози ту носозии дил, Бо ту бебок ҳамовоз шудан Буд оғози ҳамовозии дил.
Мунтазир буд дили ман ҳар дам Дилқарин пайки туву занги туро, Мунтазир буд ҳамин сон доим Шеъри раҳҷўи ман оҳанги туро.
Мерасидӣ туву аз файзи фараҳ Дили ман зўри дучандон меёфт, Ончунон шеъри ман аз оҳангат Ҳамдаму ҳамдилу ҳамҷон меёфт.
Шеърам омехтаи савти хушат Сўи гўши дилу ҷонҳо мерафт, Ҳамраҳи савти ҷаҳонгаштаи ту Шеъри ман ҳам ба ҷаҳонҳо мерафт.
Лек…
Аз расми азал оҳу фиғон! – Абад оҳанги туро аз раҳ зад, Монда бо дарди абад шеъри маро, Кард оҳанги ту оҳанги абад.
Эй саропои ту оҳангу наво, Эй ҳар оҳанги ту оҳанги вафо, Талаби созу наво будӣ ту, Нест бе ту талаби созу наво…
Аз чи бар шеъри умеди дили мо Ногаҳ оҳанги набудан бастӣ?
Худ ба оҳанги абад пайвастӣ, Дили моро абадӣ бишкастӣ.
Рафтиву монд садоят дар ҷон, Рафтиву монд навоят дар дил, Эй хуш он гил, ки бирўяд ҳама дам Гули оҳангу наво аз он гил.
Дар сари сахти ман, инак,

Сари роҳ
Шеърам оҳанги туро мунтазир аст, Ки зи безавқии даврон эмин Ба навоҳои хушат ҷо бишавад, То ки бо ҳамраҳу ёри ҳамабин Роҳҷўи раҳи фардо бишавад.
Баъди оҳанги ҳазороҳангат Дарди оҳанги сурудам дигар аст; Баъди борони навоҳои хушат Шеърам аз ашки дилу дида тар аст; Ҳамчунон гўши дилам занги туро, Савти ногуфтаву оҳанги туро Шеъри андар дили ман мурдаи ман – Шеъри ногуфтаи ман мунтазир аст.
Вақти суҷуд Барои Саидқул Билол Як умр агар шуд оташу як умр дуд шуд, Умри азизи ман ҳама созу суруд шуд.
Чун чашма бо тарона равон шуд ба сўи рўд, Ҳаргиз зи ҷустуҷўй наосуду рўд шуд.
Бепарда аз фуруду фарози замона гуфт Савтам, ки рўи парда фарозу фуруд шуд.
Урён ҳар он садо, ки зи ноёр мерасид, Аз парниёни савти дили ман дуруд шуд.
Гаҳ ёр дер омаду гаҳ сабр зуд рафт, Ҳар савтам иқтибос аз он деру зуд шуд.
Ҳар гаҳ ки мерасид ба поён суруди ман, Мегуфт аҳли завқ, ки вақти суҷуд шуд!
Дунё пур аз фасонаи буду набуд буд, Дунёи ман таронаи буду набуд шуд…
Як нусха умр Рози Нигина Рауф Эй дўстдору содиқ ёрони ҳамдили ман, Аз рўятон мунаввар ҳар лаҳза маҳфили ман.
Дар гўши ман ҳама умр сози вафоятон буд, Ҳар як таронаи ман акси садоятон буд.
Умри шумо ҳамеша Як нусха умратон бод хуш бод чун садоям, ширин таронаҳоям!
Будед, эй азизон, меҳмони хонаи дил, Баҳри шумо сурудам умре таронаи дил.
То дил шавад ҳама хуш аз ман дар ин замона, Дар нохушии дил ҳам хуш хондаам тарона.
Умри шумо ҳамеша Як нусха умратон бод хуш бод чун садоям, ширин таронаҳоям!
Ёрон раванду оянд, дунё чунин бимонад, Дар дил суруру андўҳ, дар чеҳра чин бимонад.
Ин саҳна ҳаст гардон, моем шоду ранҷур.
Дар саҳнаи замона бодо ғам аз шумо дур!
Умри шумо ҳамеша Як нусха умратон бод хуш бод чун садоям, ширин таронаҳоям!


Ба ҳар куҷо, ки нигаҳ мекунам, ҳама дуд аст, Зи мавҷи дуд замину замон сияҳрўд аст.

пешина
аз 235
навбатӣ