Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй гуҳар, аз ҳалқаи мардум баро,
Дар садафи мардуми чашмам даро,
Кардамат, инак, хабар, эй ҷон, маро
Кардаӣ аз бахт хабар, шукри ту!
Аз дигарон бод самову замин,
Аз дигарон бод ҳам ону ҳам ин,
То бувадам як нафаси охирин,
Ҳар нафасе бори дигар шукри ту!
ЯКЕ ДОСТОН АСТ…
Либреттои опера иборат аз ду намоиш ва даҳ саҳна аз рўи достони «Рустам ва Суҳроб»-и Абулқосими Фирдавсӣ Ба ёди оҳангсози ин асар Талаб Саттор
Иштирокчиён:
Рустам Ҳаҷир
Суҳроб Гурдофарид
Таҳмина Жандаразм
Ковус Ҳуммон
Афросиёб Завора
Бечеҳра Ходимон, мутрибон, раққосон
ОҒОЗ
Саҳна кушода мешаваду манзарае ҳузнангез пеши чашмон ба ҷилва меояд. Уфуқ – ҳамранги хун, само - тирафоми дилгир.Дар дуриҳои дур қасри вайронае менамояд. Дар саҳна, ки беист давр мезанад, тахтест сарнагун ва тоҷест шикаста, ҳамчунин, авроқи парешони китобҳо.
Баробари боз шудани парда мусиқии ҳазине оғоз меёбад ва чароғдор банавбат ҷузъҳои мазкури саҳнаро рўшан мекунад.
Зимни ин садое аз ғайб ба гўш мерасад.
Ҷаҳоно, ҷаҳоно, ҷаҳоно, ҷаҳон,
Ҳамеша чунинӣ ту бо огаҳон –
Дилу ҷонашонро фишорӣ ҳаме,
Расонияшон оҳу дарду ғаме,
Диле бошад огаҳ, варо хун кунӣ,
Зи ғам оқилонро ту маҷнун кунӣ,
Фишорӣ касонро ҳаме чун анор,
Пас он афканӣ тундашон барканор,
Зи ту меҳр гўё биёмад ба сар,
Ситезад зи ту гаҳ падар бо писар,
Писар бо падар низ тундӣ кунад,
Аз ин тундият ақл кундӣ кунад.
Саропо туӣ тахтаи шоҳмот,
Ҷаҳоно, ҳама мот аз ҳилаҳот,
Ҳаме аз ду ҷониб шавад тозу тохт,
Надонӣ, кӣ бурду надонӣ, кӣ бохт…
Кафи пурдуо бар ту хоҳам кушуд,
Ҷузат, эй Худо, пуштибонам кӣ буд?
Туӣ чашмаи меҳру ҳам қаҳри ман,
Диламро манеҳ бар кафи Аҳриман,
Маро банди шайтони саркаш макун,
Бикун худкуш, аммо писаркуш макун,
Макун ғарқи хунам зи шасти падар
Ба ёди падар рўи дасти падар,
Намон, дил пурармон зи дунё барам,
Биғарқад ба хуни ҷигар модарам…
Зи дарди куҳан сўзам, эй пок Ҳақ,
Ҳамон доғи мозӣ маро бас сабақ!
Макун аз хирад бандаатро ҷудо,
Худоё, Худоё, Худоё, Худо!..
Мусиқӣ батадриҷ паст мешаваду садои овозхон баланд.
Суруд
Чарх ҳаргиз на ба коми дили мо тоб хурад,
Ашку хуни дили моро чу майи ноб хурад.
Орзуи дили моро бубарад бар дили хок,
З-он пас аз чашмаи чашми сари мо об хурад.
Бурданаш бин - ҳама армону ҳавасро бубарад, Хурданаш бин - ҳама хуни дили аҳбоб хурад.
Бе сиришки ғаму бе дарди дилу хуни ҷигар
Бихурад оқил агар луқмае, дар хоб хурад.
Даҳр дарё бувад, одам ҳама - афтода дар об, Ғарқаҳоро ҳама бо панҷаи гирдоб хурад.
Бахти бад Рустаму Суҳроб бани инсон аст,
Хирадо, хез, ки Рустам сари Суҳроб хурад!
Саҳна батамом торик ва хомўшӣ ҳукмрон мешавад.
НАМОИШИ АВВАЛ
Саҳнаи 1
Чорбоғи Таҳмина. Атроф сабзу хуррам. Махмали сабза ва гулҳои шукуфта ба чашм мерасанд.
Садои ҷўи об. Андалебон дар наво… Таҳмина маҳзун дар гўшае нишастааст. Батадриҷ хониши мурғакон ва садои дилнавози об паст мешаваду овози ҳазини духтарон баланд. Он печутоби дили Таҳминаро ифода мекунад. Гўё он ҳама ҷонварони хушсадо ва ҷўи хушнаво низ гўш ба овои ҳазини духтарони овозхон додаанд.
Суруди духтарон
Муҳаббат, эй аёни дил, муҳаббат, эй ниҳони дил, Биё аз осмони худ даме бар остони дил!

пешина
аз 235
навбатӣ