Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Аё эй як дамат соле, аё эй мақдамат фоле,
Ҷаҳонро бо ту хуш ҳоле, ҷаҳоне дар ҷаҳони дил!
Туӣ боло ба тахти дил, туӣ ҳам рўзи сахти дил,
Аё эй мурғи бахти дил, марав аз ошёни дил!
Аё ҷону ҷаҳон, боз о, ҳаёти ҷовидон, боз о,
Баҳори бехазон, боз о, ки меояд хазони дил.
Агарчӣ коҳиши ҷонӣ, беҳин осоиши ҷонӣ,
Зи дунё хоҳиши ҷонӣ, ниёзи ҷовидони дил!
Суруд батадриҷ паст мешавад.
Бошитоб Суҳроб меояд. Сахт дар ҳаяҷон аст, худро пеши модар ба зону афканда, дастонашро
бамеҳр мебўсад.
Таҳмина. Сурхидани ҳамчу меҳрат аз чист, бигў!
Суҳроб. Модар!
Падари азизи ман кист, бигў!
Таҳмина. Кардӣ зи падар ёд?..
Суҳроб. Натанҳо имрўз,
Умрест маро дар дилу ҷон аст ин сўз!
Таҳмина. Оё касе?..
Суҳроб. Оре…
Бепадар гуфт маро!
Оташ будам, чу бод ошуфт маро!
Таҳмина. Ором бишав…
Суҳроб. Наметавонам, модар!
Ором туро низ намонам, модар!
Таҳмина. (худ ба худ)
Як умр аз ин суол будам дар бим,
З-ин бим дилам ба синаам буд ду ним…
(ба Суҳроб)
Ҷону дили модар, эй сарафроз писар,
Бебаҳра зи номи неку дидори падар,
Кофист бароят ин ҳама ранҷу малол,
Бояд ки кунун… намоямат сурати ҳол!
Суҳроб. Модар…
Таҳмина. Бувад ифтихори Эрон падарат…
Суҳроб. Қурбони забону лафзи ҳамчун шакарат!
Рустам падари ман аст?!
Таҳмина. Оре, Рустам…
Суҳроб. Сад шукр, ки аз ғами гароне растам!
(ба чор тараф)
Донед ҳама: падар маро Таҳмтан аст!
Таҳмина. (худ ба худ)
Оре, падари туву ғами ҷони ман аст…
Будаст вайам, аё азизи дилу ҷон,
Хурсандии як даму ғами ҷовидон…
Суҳроб. Таҳмина. Ҳолост куҷову бо кӣ дорад маҳфил?
Бас дур зи дида асту наздик ба дил…
Саҳнаи 2
Тақрибан ҳамон манзара. Саҳна пур аз аҳли дарбори шоҳи Самангон. Бошитоб Қосид меояд.
Қосид. Шаҳо, омада Рустами достон,
Гумонам, ки набвад ба фикри зиён.
Шоҳ. Ба лутф омадаст ў чу бар мулки мо,
Бихезед бо лутфи афзун ба по,
Канори муҳаббат намоед боз,
Бигиред арзандааш пешвоз!
Рахшкобон Рустам меояд. Ўро гарм истиқбол мекунанд.
Шоҳ. Эй Таҳмтан, ба мулки Самангон хуш омадӣ,
Эй достони зинда, зи дастон хуш омадӣ!
Рустам. Бар шоҳу мардумони Самангон дуруд бод,
Бар кишвари баору банангон дуруд бод!
Шоҳ. Рустам. Мондӣ чи гуна гоми муборак ба ин диёр?
Ҳар корро баҳонае омад ба рўзгор,
Худ Рахши банда сўи диёри ту раҳ кушод,
Қасдам набуд варна…
Шоҳ. Тасанно ба Рахш бод!
Рустам. Осуда аст мулки ту?
Шоҳ. Оре, яли ялон.
Рустам. Осуда бод мулки туву ҷумлаи ҷаҳон!
Шоҳ. Хуш омадӣ ту бори дигар, мулк пешкаш!
(ба як сў)
Мутриб, ба ҷоми гўш майи сози хеш каш!
Рустамро бо иззату икром дар бари шоҳ мешинонанд.
Базм оғоз меёбад.
Суруди 1
Эй ишқ, шукри номат, дилро суроғ кардӣ,
Дилро суроғ кардӣ,
Бар раҳрави шабистон худро чароғ кардӣ,
Худро чароғ кардӣ,
Ин сина шуд биёбон дар орзўи борон,
Дар орзўи борон,
Аз орзў расидӣ, онро чу боғ кардӣ,
Онро чу боғ кардӣ.
Доғи туро набинем, эй нору нури сина,
Эй нору нури сина,
Дар оташат агарчӣ моро ту доғ кардӣ,
Моро ту доғ кардӣ.
Суруди 2
Эй ишқ, эй сафои дилу ҷон, хуш омадӣ,
Эй дарди ҷовидонаву дармон, хуш омадӣ.
Сар пеши пот киштаи уммед сар кашад,
Бар шўразори сина чу борон хуш омадӣ.
Аз омадат ба кишвари дил бўи гул расид,
Эй андалеб, сўи гулистон хуш омадӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё