Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Раҳоӣ диҳам халқро з-он ду бад,
Ба Эрону Тўрон назебад ду дад!
Бипайвандад Эрону Тўрон зи ман,
Бигарданд наздик дурон зи ман,
Падарро бар ин хиттаҳо сар кунам,
Туро бонуи ҳарду кишвар кунам,
«Чу Рустам падар бошаду ман писар,
Ба гетӣ намонад яке тоҷвар!»
Бад-ин сон ки ҳастӣ ту ҷўёи хун,
Чи ёбӣ, надонам, зи дунёи дун?!.
Арияи Суҳроб
Дар ин ҷаҳони ғамзада кас бепадар мабод!
Касро зи дарди бепадарӣ чашми тар мабод!
Беҳтар зи тоҷ дасти падар бод бар сарам,
Шоҳӣ талаб надораму тоҷам ба сар мабод!
Эй дур, эй қариб,
Эй дард, эй табиб,
Сўи ту меравам,
Ё бахт, ё насиб!
То аз нишону номи падар бохабар шудам,
Дар орзўи рўи падар чашми тар шудам.
Акнун, ки бар забон бувадам номи неки ў,
Сабрам намонд дигару аз худ бадар шудам.
Эй дур, эй қариб,
Эй дард, эй табиб,
Сўи ту меравам,
Ё бахт, ё насиб!
Аз ман дигар ба даҳр накўрўзтар куҷост?
Беғамтар аз дили ману бесўзтар куҷост?
Суҳроб агар писар буваду Рустамаш падар,
Дар рўи даҳр қудрати пирўзтар куҷост?!
Эй дур, эй қариб,
Эй дард, эй табиб,
Сўи ту меравам,
Ё бахт, ё насиб!
Таҳмина. Меравад. Таҳмина, зору ҳайрон,
ду даст сўи самоҳо,танҳо мемонад.
Эй бахт, маро ҷудо зи Суҳроб макун!
Эй умр, маро ду чашм пуроб макун!
Эй чарх, ту бо ҷунбиши ноҳамворат
Гаҳвора машав, бахти маро хоб макун!
Андўҳи фироқи Рустамам хоб кушад!
Суҳроби ялам дубора бетоб кушад!
Дилро, ки накушт ҳеҷ дарду аламе,
Дарду алами Рустаму Суҳроб кушад!
Меафтад. Саҳна торик мешавад.
Садои ҳарбузарб ба гўш мерасад.
Саҳнаи 4
Боргоҳи Афросиёб. Ў бо шукўҳу шаҳомат бар тахти зар нишаста, бо шахсе суҳбат дорад, ки
чеҳрааш рўшан нест.
Афросиёб. Аё бохабар аз баду неки даҳр,
Туӣ беш аз ҳар ки наздики даҳр,
Чи ҳарф аст ин лаҳза андар ҷаҳон,
Ки бошад сазовори гўши шаҳон?
Бечеҳра. Сари сарварони ҳама оламо,
Ҳама шоҳ пеши шукўҳат камо!
Бувад он ҳама розу овоза рост,
Ки Суҳроб раҳ сўи Эрон бихост.
Афросиёб. Чи?!
Суҳроб?!
Бечеҳра. Оре.
Афросиёб. Шуда баркамол?
Бечеҳра. Бале, тоқ гашта ба зўру ҷамол!
Афросиёб. (худ ба худ)
Бибуррам забони ҳама огаҳон,
Ки мебояд ин роз монад ниҳон,
Маро умри шоҳӣ биёяд ба сар,
Гар оянд бо ҳам падар бо писар,
Басо ранҷ дидам ман аз Таҳмтан,
Худо дода Суҳробро баҳри ман,
Бигирам зи Рустам кунун қасди хеш,
Зи пайванд бояд шавад ў пареш!
(ба Бечеҳра)
Фароҳам кунед урдуи бобро,
Сари лашкар оред Суҳробро!
Бечеҳра. Ба чашм.
Ў беҳин сарвари лашкар аст…
Афросиёб. Ниҳон монад ин гуфтугў, беҳтар аст.
Бечеҳра. Ба чашм.
Афросиёб. Офарин…
Бечеҳра. Ёфт бояд дилаш…
Афросиёб. Ба ҳар роҳ бинмо ба мо моилаш.
Дар аввал равон кун бар он номвар
Даҳ аспу даҳ уштур зи молу зи зар,
Бихоҳад дилаш ҳар чи, таъмин бикун,
Кунад тундие ҳам, ту тамкин бикун!
Бечеҳра. Мабод аз сари нанг Эрон равад,
Бибояд ки бо ҷанг Эрон равад!
Афросиёб. Мабодо шавад ҳамнишасти падар,
Шавад кушта бояд ба дасти падар!
(ба Бечеҳра)
Вале пеш аз он бо каму бо замаш
Бихонед ин ҷо, ки бинвозамаш!
Бечеҳра меравад ва лаҳзае пас бармегардад.
Бечеҳра. Шаҳо, Суҳроб бар хидмат расида!
Афросиёб. Бигўедаш, дарояд.
Суҳроб медарояд.
Нури дида!
Хушам аз дидани асли ҷавонӣ,
Ҳалолат бод расми паҳлавонӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё