Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Суҳроб. Шаҳо, миннатпазирам.
Афросиёб. Офаринат!
Накўӣ ҳам ба зоҳир, ҳам ба тинат!
Суҳроб. Ба фармони шумо омодаам ман.
Афросиёб. (худ ба худ)
Хаёлаш, ин қадар дилсодаам ман!
(ба Сўҳроб)
Туро ман озими Эрон бубинам…
Суҳроб. Афросиёб. Бале, чандест, эй шаҳ, бар ҳаминам!
Чи чора, гар чунин қатъист азмат,
Бигардад бобарор эй кош размат!
Суҳроб. Ташаккур.
Афросиёб. Лек эронӣ на сода-ст,
Ҳазорон дом бар роҳат ниҳода-ст!
Бибояд ҳамраҳони дерпоят,
Ки созад ҳар яке ҷонро фидоят…
Қарор омад пас аз андешаи беш,
Ки бишносам туро сарлашкари хеш.
Суҳроб лаҳзае дасту по гум мекунад. Афросиёб, аз тахт поин шуда, назди ў меояд ва даст ба
китфаш мениҳад.
Суҳроб. Маро шав, аё гурд, сарлашкаро,
Физо шуҳрате тоза бар лашкаро!
Хушам ман аз ин рўю дасти кушод,
Шуморо, шаҳо, умр бодо зиёд!
(худ ба худ)
Чу кардаст бар халқ зулми фузун,
Канам зулми ўро ман аз беху бун,
Дили лашкарашро ба даст оварам,
Афросиёб. Шаҳаншоҳиашро шикаст оварам!
Биронам пас аз тахт Ковусро,
Кунам хоки раҳ лашкари Тўсро,
Аз он баъд дар ин дурўза ҷаҳон
Бибояд адолат шавад ҳукмрон!
(ба Афросиёб)
Шуморо, шаҳо, умр бодо зиёд!
Хушам ман аз ин рўю дасти кушод!
Суҳроб, таъзим карда, меравад.
(худ ба худ)
Ҳанўз оядаш аз даҳан бўи шир,
Вале кам набошад ба зўрӣ зи шер,
Басо оқил асту далер асту чуст,
«Чу шохи нав аз бехи куҳна бируст»,
Гар ин шох пайванди он бех монд,
Яқин, нахли умрам ба хушкӣ кашонд,
Гар ин шохи нав мева орад ба бор,
Шавад заҳру позаҳр н-ояд ба кор!
Парда.
НАМОИШИ СОНӢ
Саҳнаи 1
Майдони разм. Ҳаёҳўву садои силоҳи ҷанг болост. Аз як сў Ҳаҷир, аз муқобил Суҳроб меоянд.
Суҳроб. Ҳаҷир. Суҳроб. Ҳаҷир. Бигў, кистӣ в-аз куҷо омадӣ,
Яқин, аз бақо то фано омадӣ!
Наӣ лоиқи разми ман, бозгард,
Ки дар як дамат мекунам гард-гард!
Ҳанўз аз даҳан бўи шир оядат,
Вале тарзи гуфтори шер оядат!
Бидон - ман Ҳаҷирам, ба ҷанги туям,
Ватан ҳаст, гурдо, зи диж он суям!
Бирав аз нигоҳам, ки аз хашми ман
Набинӣ дигарбора рўи ватан!
Ватан ҷой бошад ба ҷону танам,
Сари душманашро зи тан барканам!
Ба ҷанг меоғозанд. Баъди чанде гирудор Суҳроб Ҳаҷирро бандӣ мекунад. Ҳамоно дар рўёрўи
Суҳроб Гурдофарид, ки либоси гурдон ба бар дорад, пайдо мешавад.
Суҳроб. Ту боз аз куҷо омадӣ, эй ҷавон,
Ки дар ҷанг бо ман надорӣ тавон,
Бирав бозпас…
Гурдофарид. Кам бикун ман-манӣ,
Агарчанд шерӣ, шикори манӣ!
Суҳроб. Дареғам биёяд аз ин рўю мўй…
Гурдофарид. Назебад ялонро чунин гуфтугўй!
Суҳроб. Шавӣ кушта, охир…
Гурдофарид. Бидонад Худо…
Дар ин роҳ ҳастам яке ҷонфидо,
На бар ғосибӣ омадам чун ту ман,
Бувад ҷанги ман аз барои ватан!
Бувад разми аввал барои Ҳаҷир,
Кунам дар баҳояш туро ман асир!
Ҳарбузарб оғоз мекунанд. Баъди чанде Гурдофарид рў ҷониби диёри хеш овардан мехоҳад.
Суҳроб аз пас меравад ва ба кулаҳхўди ў чанг мезанад, ҳамоно мўйи Гурдофарид ба қадаш
парешон мешавад… Силоҳ аз дасти Суҳроб меафтад…
Суҳроб. Размӣ наӣ, асли орзўӣ,
Маҳрўиву аз чи ҷангҷўӣ?
Бошанд зи зумраи далерон
Оё ҳама бонувони Эрон?
Гурдофарид. Оре, ҳама дар раҳи набардем,
Дар ишқи ватан ҳама чу мардем!
Суҳроб. Эй маҳ, барамат ба хаймаи хеш,
Масти ту бигардаму майи пеш….

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё