Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Инак, имрўз собит бар поям,
Ҳамқадами дунёям,
Захмҳои тозаамро бо майсаҳои ғаллазорон,
Бо гулҳои кўҳсорон,
Бо оби шифои чашмасорон,
Бо дидори ғамгусорон
Даво мебахшам;
Чашмони умре ба роҳи фарзандон интизорамро,
Чашмони чун чашма
Бо нури хуршеди диёр,
Бо нури умеди саршор
Зиё мебахшам
Ва дасти дуо мебардорам
Барои фарзандони оқилам,
аз пайи фарзандони дар ҷаҳон парешон ашкборамро
қобилам,
пурдилам,
Ки обрўмандӣ биомўзанд аз ин рўдбор
Сарафрозӣ биомўзанд аз ин кўҳсор,
Покдилӣ биомўзанд аз ин фазои беғубор.
Дасти дуоям ҳамеша болост
Барои фарзандони хушгилам,
фозилам,
комилам,
Ки бар по бошанд,
Шод бошанд, ҳар ҷо бошанд,
Раҳрави тавонои роҳҳои дунё бошанд,
Аммо бо ёди модари раҳпо бошанд…
Ман Модарам,
Тоҷикистонам,
Фарзанддорам,
Аз ин рў, беҳад ғамхорам
Ва ин аст ормонам,
Ки фарзандонам
Арзанда ҷигарбанди Модар бошанд,
Ҷонпайванди кишвар бошанд…
Наврўзгоҳ
Ҷуста-ҷуста, чун ҷаҳоне дар ҷаҳонат ёфтем,
Чун ҷаҳон дар тангное бекаронат ёфтем,
Дар миёни кўҳсорон ҳамчу конат ёфтем,
Ҳамчу коне дар таҳи рангинкамонат ёфтем.
То биҳишти ҷовидони бахт роҳи мо туӣ,
Тоҷикистон, то абад наврўзгоҳи мо туӣ!
Тангноятро ба ҳиммат бекарон кардем мо,
Хоки покатро ба қимат ганҷи кон кардем мо,
Бо баландии нигоҳат осмон кардем мо,
Бо умеди ҷовидонат ҷовидон кардем мо.
То биҳишти ҷовидони бахт роҳи мо туӣ,
Тоҷикистон, то абад наврўзгоҳи мо туӣ!
Бо ҳақиқат ҷовидонӣ, бо садоқат ҷовидон,
Аҳли дилро беҳ зи ҷонӣ, беҳ зи ҷонӣ, беҳ зи ҷон,
Чун ҷаҳон пиру ҷавонӣ, чун хирад пиру ҷавон,
Фасли Наврўзи ҷаҳонӣ, асли Наврўзи ҷаҳон!
То биҳишти ҷовидони бахт роҳи мо туӣ,
Тоҷикистон, то абад наврўзгоҳи мо туӣ!
Дар канорат ҳар диле бишкуфта ҳамчун гул бувад,
Ҳамчу мурғи дил туро дар шохи гул булбул бувад,
Булбули ҷону дил аз шавқи ту пурғулғул бувад,
Кул ҳақиқат нест, аммо ин ҳақиқат кул бувад:
То биҳишти ҷовидони бахт роҳи мо туӣ,
Тоҷикистон, то абад наврўзгоҳи мо туӣ!
Лолаат – рўсурхии мо дар баҳору дар хазон,
Барфи симинат – сафедиҳои роҳи бекарон,
Сабзаат сарсабзии мо бод умре дар ҷаҳон,
Парчами серангаат садранг бодо парфишон!
То биҳишти ҷовидони бахт роҳи мо туӣ,
Тоҷикистон, то абад наврўзгоҳи мо туӣ!
Давронсоз
Ба авҷи осмон хуршеди тобонат муборак бод!
Ба зери хок сарсабзии ҳар донат муборак бод!
Ба мулки беҳтар аз Наврўзгаҳ хуш бод Наврўзат,
Ба боғистони ҳиммат навбаҳоронат муборак бод!
Чу Сомонӣ накў дарёфтӣ сомони мулкатро,
Саропо кору пайкори басомонат муборак бод!
Чу азмат буд осон кардани душвори халқи хеш,
Дар ин раҳ шуд ҳама душвор осонат, муборак бод!
Муборак нони бо заҳмат расида рўи гулхонат
Ва ҷонӣ дўстонат гирди гулхонат муборак бод!
Аз ин мулку макон рондӣ чу расми бастароҳиро,
Кушоди роҳу расми раҳкушоёнат муборак бод!
Муборак нури Норак дар дилу дар манзилат умре,
Ба мулки ормонат нури Роғонат муборак бод!
Чу паймонхоҳ пур бодо туро паймонаи шодӣ,
Чу давронсоз ин созанда давронат муборак бод!
Суҷуде бар сари аз хоксорӣ ҷониби хокат,
Сари аз фахри дил бар авҷи кайҳонат муборак бод!
Шудӣ марди ҷаҳонӣ бо ҷаҳонӣ кору афкорат,
Ҷаҳонӣ сўзҳо дар ҷисму дар ҷонат муборак бод!
Тилоӣ моҳии уммед бар дарёи дил додӣ,
Тилоӣ шасту рўди пур зи туғёнат муборак бод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё