Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Муборак бод тоҷат бар сари зебандаи тоҷат Ва соҳибтоҷ давлат - Тоҷикистонат муборак бод!
Мулки ишқу бахти мо
Эй ба сурат камзамину эй ба сират беканор, Дастгири ҷовидони мо ба даҳри пойдор, Баҳри мо буду набудӣ аз ҷаҳони бекарон, Бору барги мо ту ҳастӣ, эй баҳори бехазон!
Ҷони мо, эй Тоҷикистон,
Мулки ишқу бахти мо,
Ҷони мо, эй Тоҷикистон,
Тоҷи мову тахти мо!
Аз самоят файз резад баҳри фарзандони ту, Аз заминат файз хезад баҳри пайвандони ту, Эй самоят файзрез, ашки алам дигар марез, Эй заминат файзхез, охир ту ҳам бар по бихез!
Ҷони мо, эй Тоҷикистон,
Мулки ишқу бахти мо,
Ҷони мо, эй Тоҷикистон,
Тоҷи мову тахти мо!
Чун муҳаббат ту ҷавонӣ, чун хирад ҳастӣ ту пир, Офтобӣ, ҷону дилро гарм созиву мунир, Номбардори ту бодо номи неки тоҷикон, Ифтихори тоҷикон бош, эй диёри ҷовидон!
Ҷони мо, эй Тоҷикистон,
Мулки ишқу бахти мо,
Ҷони мо, эй Тоҷикистон,
Тоҷи мову тахти мо!
Чашмаи иқбол
Тоҷикистон, чашмаҳоят чашмаи иқбол бод!
Мурғи бахтат ҷовидона хушпару хушбол бод!
Роҳҳоят тахт боду раҳнамоят бахт бод, Дўстонат шод боду душманонат лол бод!
Захмҳоят дар дилу дар ҷони мо ёбад шифо, Умри ту сад солу ҳар соли ту садҳо сол бод!
Ҳеҷ гаҳ дигар наборад бар сарат борони тир, Бар сарат борони раҳмат то абад таббол бод!
Ҷашнҳои ту муборак, идҳои ту саид, Мизбоно, ин ҳама меҳмони ту хушҳол бод!
Дар раҳи иқболи худ бошӣ ҳамеша мустақил, Ҳар даму ҳар рўзи умрат Ҷашни Истиқлол бод!
Шоир, ки бо хишти сухан кошона барпо мекунад, Бехонаҳоро хонда аз лутфу дар он ҷо мекунад.
Бо ҳарфи чун лозури хеш, бо маънии пурнури хеш Сад кўрдилро мебарад то нуру бино мекунад.
Бар ташнакомони кавир, к-аз ҷони ширинанд сер, Аз сатрҳои обдораш ҷўю дарё мекунад.
Баҳри нафастангони шаҳр, дилмонда дилтангони даҳр Аз хуш фазои шеърҳои хеш саҳро мекунад.
Бо дилрабо талмеҳҳо, бо дилкушо ташбеҳҳо Дилгириҳои зиндагониро дилоро мекунад.
Бо сўзу созу тобу таб, бо ҳарфҳои ҳамчу ҳаб Бемории дилҳову ҷонҳоро мудово мекунад.
Дар ёдмони зиндааш, дар ормони зиндааш Аз ҳар бухори ормон шаҳри Бухоро мекунад.
Аз ҳар Самарқанди куҳан дорад дусад панди куҳан, Гумкардаҳои хешро дар хеш пайдо мекунад.
Ў рўҳи сад дилмондаро, сад пой дар гил мондаро Бо парчами табъи баланди хеш боло мекунад.
Умре зи рахшон ҳарфи хеш, умри ба маънӣ сарфи хеш Лаъли Бадахшони ҳунар аз санги хоро мекунад.
Бо ҳарфҳои суфтааш, бо маънии ногуфтааш Ҳар розро бо маъние нав боз ифшо мекунад.
Бар мурдадил ҷон медиҳад, бар кофар имон медиҳад, Рўҳу тани афсурдаро исоваш эҳё мекунад.
Бошад ба ҳарфи содааш сад маънии озодааш, Бо сеҳру афсуни сухан аз зишт зебо мекунад.
Дар посухи ин сўзу соз аз шеърхони бениёз Бо шеър буданро фақат умре таманно мекунад.
ЗАХМҲОИ НОСУР
- «Даҳум»
…Ранҷгоҳи насли инсон аст ин ҷо, Маргҷои сад ҳазорон аст ин ҷо, Сўи уммед ин макон равзан надорад, Омадан дорад, вале рафтан надорад…
Бо тасодуф як асираш гар гурезад, Гўрбони зиндадаргўрон ситезад:
Сар шавад дарҳол расми худшумурдан, Ҳар «даҳум» ҳозир шавад аз баҳри мурдан.
…Як нафар он рўз ҳам з-ин ҷо бурун рафт, Ҷумла мафтунаш, ки чун кард ўву чун рафт!
Худшуморӣ сар шуд аз нав дар дами тир…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё