Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Баҳри ман коҳонда ҷон фарзандҳоям бешумор,
З-ин сабаб ҳамдасти даҳрам инчунину пойдор.
Асри бисту турктозиҳои он дар ёдҳост,
Монда андар ёди ман аз он замон бедодҳост.
Аз худиҳо нолам ин дам ман, на аз бегонаҳо,
Асли худ карданд бас инкор чун девонаҳо,
Аз барои ҷоҳ тифли миллати дигар шуданд,
Миллати худро зи ҷонӣ хасм ҳам бадтар шуданд…
Тоҷикистонам, диёри поку бино мардумам,
Буд як тан поку бино Нусратулло Махсумам,
Чун ба дасти гургҳо шуд пора-пора мулки мо,
Ў ба нанги тоҷикӣ бархост зидди гургҳо.
Талху шўр ашки алам дар чашму хашм андар гулў,
Пораҳои мулки хунолуди худ бистонд ў.
Гуфт: аз каф гар Самарқанду Бухоро рафтааст,
Тоҷиконро кай фари дерини Доро рафтааст?
Дар Ватан бунён Самарқанду Бухоро мекунем,
Мулку миллатро зи нав манзури дунё мекунем!
Ҷон ба каф, дил пуршарар хидмат ба миллат кард ў,
Мулкро берун аз он хориву зиллат кард ў.
Гарчи насли гургҳо бинмуд охир порааш,
Миллаташ барҷой монду пурзиё исторааш.
Шириншо Шотемур
Назар кард ў чу бар боми Ватан аз Боми Дунёяш,
Дилаш ларзид аз оғоз бар фарҷоми дунёяш,
Ватанро дид – набвад ҷуз алам инъоми дунёяш,
Дару деворҳо бишкаста аз айёми дунёяш
Ва миллатро – ҷаҳон ноком андар коми дунёяш,
Гарон хобонда ўро маҳди ноороми дунёяш.
Агарчӣ буд Шириншо, на ширин буд коми ў,
Фақат дар зиндагии талх ширин буд номи ў
Ва ширин ҳамчу номаш буд лафзи ў, каломи ў,
Ки ширин карда гуфтанро забони поки моми ў;
Чу ширин кардани фардои миллат шуд мароми ў,
Бишуд фардои ширин ҳамчу умри бардавоми ў.
Бигуфто бо алам: бархез, эй халқи азизи ман,
Барои ин Ватан бистез, эй халқи азизи ман,
Ба гургу бо шағол овез, эй халқи азизи ман,
Шикан ин ҷоми заҳромез, эй халқи азизи ман,
Шавад то кишварат гулбез, эй халқи азизи ман,
Ба роҳаш хуни дил мерез, эй халқи азизи ман!
Зи ҷон бигзашту андар ҷону дилҳо ёди ҷонаш монд,
Шаҳиди роҳи миллат гашт Рустам, достонаш монд,
Ғуруру нанги миллат ҳамчу файзи ормонаш монд,
Бухороҳои армон дар диёри зарфишонаш монд,
Забонаш монд барҷо, мардуми ширинзабонаш монд,
Дару боми Ватан обод чун Боми Ҷаҳонаш монд!
ҚАСИДАИ РОҒУН
Дуруди мардум
Дуруд, эй кўҳсори сарбаафлок,
Эй мазҳари обҳои пок!
Дуруд, эй олиҳаи об,
Аноҳитои рўшантар аз Офтоб!
Мо ҳамагонем миннатдори шумо
Ва аз ҷон шукргузори шумо,
Ки оби покатон,
Чун равонбахшо хун
Мекунад зўри моро афзун
Ва бо беназир покии афлокӣ
Талқин мекунад бар мо покӣ!
Суҷуд ба Аҳуро!
Суҷуд ба олиҳаи об – Аноҳито!
Суҷуд ба обҳо –
Ба ин неъмати бебаҳо!
Суҷуд ба ин кўҳҳо,
Ки пур аз чашмаи сафоянд!
Суҷуд ба ин чашмаҳо,
Ки нурбахши ҳар чашми биноянд!
Суҷуд ба ин обҳо,
Ки обрўбахши моянд!
Ба ин диёри малакут –
Ба ин кўҳсори пурсукут,
Ба ин гўё силсиларўд
Суҷуд!
Суҷуд!
Суҷуд!
Дуруди Аноҳито
Дуруд, эй мардум,
Эй дар замин нусхаи анҷум!
Фиристодем ба шумо обҳо,
Ки бошед аз шумори шодобҳо!
То бубахшад оби равон бар равонатон зўр
Ва биафзояд нураш бар чашмонатон нур!
То сари сабзатон бубахшад сарсабз киштаҳоятон
Ва дармонгиёҳаш бубахшад давоятон!
То аз ҷилои заррин донаҳои гардум
Бидурахшад чашмонатон мисли анҷум!
Инак,
Аз шумост ин обҳо!
Бихонед ҳар ҷўяашро чун сатри обдори китобҳо!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё