Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

То раҳнамо бошад шуморо ҷониби покӣ,
То дарёбед
Аз ҳар ҷўяи чун як тора нури офтобаш
Беғашии афлокӣ!
Фузун бод оби рўду ҷўятон!
Фузунтар аз он – обрўятон!


Ин ҳама обе, ки рўду наҳру ҷўи тоҷиканд,
Чун ба ҳам оянд, Баҳри Обрўи Тоҷиканд!
То ба кай бо оҳу бо афсўс бояд сохтан? –
З-оби кишвар баҳру уқёнус бояд сохтан!
Сохтан то чанд бо ин сардрўёни дурў? –
Дар шино бояд шудан дар оби гарми обрў!
Як назар кун, тоҷико, инак, ба оби хештан,
Андар он бин чеҳраи чун офтоби хештан!
Андар он бикшода чашмони кушодатро бубин,
Кам мабин, ин чашмтангони зиёдатро бубин!
Обрў ҳам гар ба ҷо монад, бигандад бегумон,
Дар шино бояд шудан, рафтан ба паҳнои ҷаҳон!
Обҳоро пуштурў бояд кушудан баъд аз ин,
Обҳоро обрў бояд намудан баъд аз ин.
Бешитоб омўхтан бояд шитоби обҳо,
Сатрҳои гарму пурнури китоби обҳо.
Баҳрҳоят ҷумла баҳри зўр боду баҳри нур,
Чашмаҳо бодо фаровон, чашми бад з-ин баҳр дур!
Ҷовидон бодо равон сад рўд оби рўшанат,
Ончунон бодо равон низ оби чашми душманат!
Зар шавад ҳар қатра обат, зар шавад ҳар зарра хок,
Зар бувад ҷону дили покат, аё эй халқи пок!
Миллати нуронии ман, миллати нурофарин,
Эй дилат бо офтоби гарму нуронӣ қарин,
Нахли нур андар ҷаҳони тирадил парвардаӣ,
Даҳрро бо нури ақлат гарму рўшан кардаӣ.
Ҳар китобат кони нуре андар ин дунё бувад,
Кони нури дигарат санъат бувад, хунё бувад.
Нур меборад зи ҳар коху манорат, миллатам,
Аз ғуруру нангу аз номусу орат, миллатам.
То ки хуршеди дилат дар сина бошад нурбор,
Манзилат, эй кони нору нур, бошад нурбор.
Бо ҳама ин нуру гармӣ лоиқи дунё туӣ,
Ёвари арзандаи Хуршеди беҳамто туӣ.
Ёвари Хуршедиву хуршедҳое дар замин
Сохтӣ ту бо ниёзи тинати нурофарин.
Норакат – он иқтибоси нору нури офтоб
Чашми рўшан бошадат, ҳам гармии дил беҳисоб.
Сангтўда – қиссаи хушномии буду набуд
Нури чашму нури уммеди туро афзун намуд.
Баҳри фардо бо накў уммедҳои дигаре
Сохтан бояд кунун хуршедҳои дигаре.
Инак, аз роҳи умедат файзи гуногун расид,
Нурбахшои ду чашми орзў – Роғун расид.
Боғи ту Роғун, дили бедоғи ту Роғун бувад,
Ҷониби сарбаста дунё роғи ту Роғун бувад.
Фикри нуронӣ бикун, андешаи Роғун бикун,
Баҳри подории Роғун ҳиммататро ғун бикун.
Нури чашматро равон бар хонаи дилҳо бисоз,
Риштаи ҷонро давоми сими ноқилҳо бисоз,
Такяи ҳар симчўби нурбардўшат бишав,
Сарбаланди кўҳи сангу дашти гулпўшат бишав.
Дар миёни тангчашмонӣ, нигоҳатро кушо,
Пеши дарёро бубанду пеши роҳатро кушо!
Оби Роғун кай бувад гил? – оби дилпарвар бувад,
Қисмати кишвар бувад, обугили кишвар бувад!
Қатра-қатра ҳамчу ганҷ он ҷамъ гардад, ҷони ман,
Босафо ҳар қатрааш сад шамъ гардад, ҷони ман.
Ҷамъ қандили азиме мешаванд ин шамъҳо,
Хоки покат мешавад пур аз ситора чун само,
Ҳар куҷое бингарӣ дигар, пур аз нур аст, нур,
Ҷумла роҳатро ба роҳи Каҳкашон пайваст нур.
Зулматат раҳгум занад, чун мулк нуронӣ шавад,
Душманат ҷонӣ намонад, дўстат ҷонӣ шавад.
Нур ақлу нур бахту нур хуш иқболи туст,
Нур боли туст, эй ҷон, асли истиқлоли туст.
Бо шукўҳи дилписанди пеш бар худ такя кун,
Ҳамчу кўҳи сарбаланди хеш бар худ такя кун.
Бо ту зўри маънавӣ боду ғурури паҳлавӣ,
Бо ту ақли маснавӣ бодову нури мавлавӣ.

пешина
аз 235
навбатӣ