Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рўшандилӣ, офтоби дил ҳаст туро,
Аз ҳарфи вафо китоби дил ҳаст туро,
Рўшан зи ту манзилу дили ёрон аст,
Гардон чу ба сина НОБ-и дил ҳаст туро!
Дидӣ ба замона кину кардӣ тамкин,
Бар тирадилон нур намудӣ талқин,
Бе шаст ба шаст омадаӣ, сад таҳсин,
Шасти ту ду шаст бод, эй Ёр, омин!
Гашт ҷорӣ чашмае…
Гашт ҷорӣ чашмае аз қалби кўҳ
Бо тарона, бо тараннум, бо шукўҳ,
Раҳбараҳ полуд охир, пок шуд,
Акс дар оинааш афлок шуд.
Бо талош аз хору аз хасҳо гузашт,
Раҳбараҳ аз садди нокасҳо гузашт.
Эй басо ҳам раҳбараҳ ҳамроҳ ёфт,
Ҳамраҳони поку дилогоҳ ёфт.
Парчами озодагӣ афрошта,
Бандагиро пушти сар бигзошта,
Таҳбатаҳ дар хеш ҷўшон оқибат,
Шуд яке рўди хурўшон оқибат.
Ориёи ман
Дар олами пареш беҳин анҷуман туӣ,
Дар чор фасли хотира боғу чаман туӣ,
Мулки дили ману ватани рўҳи ман туӣ,
Мероси беназири манӣ аз ниёи ман,
Эй Ориёи ман!
Бар тирагӣ ту рўшанӣ аз санг додаӣ,
Бар дашту беша нусрати фарҳанг додаӣ,
Бар ҳар диле ту нури фару нанг додаӣ,
Аз ту бувад сафои дили ман, зиёи ман,
Эй Ориёи ман!
Сад раҳ ба сўи асли дилу ҷон кушудаӣ,
Бо офарандагӣ фари инсон фузудаӣ,
Ризқи фарохи рўҳу тани ҷумла будаӣ,
Эй файзи обу донаи ман, осиёи ман,
Эй Ориёи ман!
Дар чор фасли даҳр баҳори ту зинда аст,
Афкору кору шеъру шиори ту зинда аст,
Нанги ту ҷовидонаву ори ту зинда аст,
То зиндагист, зиндаӣ, эй Ориёи ман,
Эй Ориёи ман!
Они то
Мавҷи Варзоб
Аз ҷоми умри ҷовид хаммор мавҷи Варзоб,
Сармаст мешитобад ҳушёр мавҷи Варзоб.
Ҳар кўҳааш чу кўҳест, авҷофари шукўҳест,
Ганҷи равона дорад куҳсормавҷи Варзоб.
Зераш бубину авҷаш, хуш печутоби фавҷаш,
Як ҷилва ҳам надорад такрор мавҷи Варзоб.
То бекарони водӣ, то ҷовидони шодӣ
Дар авҷи хеш дорад гулзор мавҷи Варзоб.
Чун сўи авҷ роҳӣ, як умр авҷхоҳӣ
Дар синаҳо бимонад осор мавҷи Варзоб.
Чун шеър ҷовидон аст, чун ишқ бехазон аст,
Бо шоир асту ошиқ ҳамкор мавҷи Варзоб.
Саркаш чу шоиронаш, сархуш чу ошиқонаш,
Дорад аз ин ду хислат бисёр мавҷи Варзоб.

Дар сабқати равонаш афтод ҷумла аз по,
Аммо нарафта аз даст подор мавҷи Варзоб.
Хобида пурхумораш сад маст дар канораш,
Дар синаҳои мастон бедор мавҷи Варзоб.
Ҳар нозарури моро, мавҷи ғурури моро
Ҳамвора менамояд ҳамвор мавҷи Варзоб.
Чун рамзи сарбаландӣ дар авҷи худ кашида
Сарпастии ҷаҳонро бар дор мавҷи Варзоб.
Эй кош монад ин сон ҳамсоғари дилу ҷон,
Аз мастии сари мо саршор мавҷи Варзоб!
Шаҳпояи гардун
Раҳаш то манзилу дил зинароҳ аст,
Раҳе то хонаи хуршеду моҳ аст,
Парад чашмаш, давояш барги коҳ аст,
Гиёҳаш раҳбараҳ дармонгиёҳ аст.
Баландие набошад чун Бадахшон,
Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон!
Ба нангу ному ори Тоҷикистон
Ниҳода ҳайкале мавзун Бадахшон!
Ба ҳар сў бингарӣ, кўҳ асту кўҳе,
Гурўҳи нанг ё нанги гурўҳе,
Шукўҳи кўҳ ё кўҳи шукўҳе,
Шукўҳаш ҳифз дар киштии Нўҳе.
Баландие набошад чун Бадахшон,
Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон!
Намояд бо шукўҳу кўҳаш осон
Ҳама пурдидаро мафтун Бадахшон!
Бувад ҳарчанд кони лаъли дилҷў,
Писандад бештар лаъли сухангў,
Сухан ин ҷост волотар зи луълў,
Наво онро барад то авҷи минў.
Баландие набошад чун Бадахшон,
Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон!
Ба созу роз бар тори дилу ҷон
Басо форам занад нохун Бадахшон!

пешина
аз 235
навбатӣ