Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Варо хунё ба хуну хун ба хунёст,
Навояш куҳнатар аз куҳнадунёст,
Агарчӣ заҳматаш аз қулла болост,
Тарабхоҳу тарабзебу тарабзост.
Баландие набошад чун Бадахшон,
Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон!
Зи нангу ном зери чархи гардон
Бувад бо чеҳраи гулгун Бадахшон!
Вафову меҳри арзонист ин ҷо,
Сафову сидқи раҳмонист ин ҷо,
Шукўҳи кўҳи Сомонист ин ҷо,
Бухорои бадахшонист ин ҷо!
Баландие набошад чун Бадахшон,
Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон!
Ба кохи нанги миллат монда аз ҷон
Зи ҳар шаҳқулла шаҳустун Бадахшон!
Бувад ҳар қулла як ҳамтои тоҷик,
Қавӣ як пайкари барҷои тоҷик,
Нигаҳ кун бар сари болои тоҷик:
Баланд аст аз фалак дунёи тоҷик!
Баландие набошад чун Бадахшон,
Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон!
Ба кўҳи нангу ному шавкату шон
Бубахшад қуллаҳо афзун Бадахшон!
Душанбе
Ҳафтаам бо номи ту сар мешавад,
Моҳам аз меҳрат мунаввар мешавад,
Чор фасли сол ҳастам ҳамбарат,
Саргузашти ман гузашта аз сарат.
Эй Душанбе, шаҳри бемонанди ман,
Шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди ман.
Раҳ ба раҳ чун ёри роҳи ман бувад,
Ҳар дарахтат такягоҳи ман бувад,
Ҳар чароғат ахтари бахти ман аст,
Ҳар харак дар боғи ту тахти ман аст.
Эй Душанбе, шаҳри бемонанди ман,
Шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди ман.
Ҳам дили ман, ҳам дилорои манӣ,
Тахти Сомону Бухорои манӣ,
Ному кому шири дар қанди манӣ,
Рўҳи Айниву Самарқанди манӣ.
Эй Душанбе, шаҳри бемонанди ман,
Шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди ман.
Эй Душанбе, эй сари ҳар ҳафтаам,
Бо ту меояд умеди рафтаам,
Моҳу солам бо ту афзун мешавад,
Зарра-зарра асли ман ғун мешавад.
Эй Душанбе, шаҳри бемонанди ман,
Шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди ман.
Ҳафт рўзи ҳафтаам саршори туст,
Солу моҳи рафтаам саршори туст,
Бошад, эй кош, аз ту пур ояндаам,
Бо ту бошам ҳамнафас, то зиндаам.
Эй Душанбе, шаҳри бемонанди ман,
Шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди ман.
Шаҳри уммед
Аз канорат ҳар саҳар чун бигзарам,
Маҳви рўят, сўят афзун бингарам,
Ҷони ман болад, дили ман пар занад,
Рўҳи ман бар авҷи покат пар занад.
Эй Душанбе, шаҳри уммеди дилам,
Мазҳари диди дилам, иди дилам!
Мешиносам ҳар гулу хори туро,
Назду дуру ёру ағёри туро,
Дар дили ман реша дорад ҳар гулат,
Бо лаби ман месарояд булбулат.
Эй Душанбе, шаҳри уммеди дилам,
Мазҳари диди дилам, иди дилам!
Бо ту чун ман нест дорои дигар,
Зеби фардоиву фардои дигар,
Бо ту монад зинда номи халқи ман,
Эй Самарқанду Бухорои дигар!
Эй Душанбе, шаҳри уммеди дилам,
Мазҳари диди дилам, иди дилам!
Ҷаҳони тоҷикон
Диёри чун баҳор –
Диёри чун баҳор бехазони тоҷикон,
Баҳори беғубор –
Баҳори беғубору ҷовидони тоҷикон,
Диле кушоду пок –
Диле кушоду пок чун макони тоҷикон,
Ҳамин бувад,
Ҳамин бувад, дило, ҳамин ҷаҳони тоҷикон!
Алайҳи ҳар хазон,
Алайҳи ношукуфтан аст ҳар қиёми ту,
Шукуфтани ҳама,
Шукуфтани ҳама ҷаҳон бувад мароми ту,
Низом ёфт,
Низом ёфт зиндагонӣ аз низоми ту,
Ба лавҳи даҳр,
Ба лавҳи даҳр дарҷ гаштааст номи ту.
Зи ғунчаи умед,
Зи ғунчаи умеди туст даҳр гулфишон,
Аз офтоби рў,
Аз офтоби рўи туст гармии ҷаҳон,
Ҳамеша монд,
Ҳамеша монд дар ҷаҳон зи ҳимматат нишон
Баҳори сабз,
Баҳори сабзи бехазон, баҳори ҷовидон.
Ҷаҳон, аё Ватан,
Зи ғунчаи умеди туст гулфишон,
Аз офтоб,
Аз офтоби меҳри туст гармии ҷаҳон,
Ту нестӣ як обу гил,
Туӣ дилу баҳори дил,
Баҳори умри тоҷикон туӣ,
Ба даҳри ҷовидона ҷовидон туӣ!

пешина
аз 235
навбатӣ