Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Баҳори Ватан Расида бо гули қатор Баҳори хуррамат, Ватан, баҳори тозаат, диёр, сафои ҷони мову ман!
Зи хоки поки гулниҳод гули умед руста бод, Бирўяд аз чаҳор сў гули сафеди орзў!
Ба боғ бод гулфишон гули ҳаёти бехазон, Ба шохаҳои ҳар дарахт нишаста бод мурғи бахт!
Ту дидаӣ ҳазорҳо ба зиндагӣ баҳорҳо, Ҳазор сад ҳазор бод, ҳама накў баҳор бод!
Сано ба азми боғбон, ки бо ту монда ҷон ба ҷон, Раҳи хазон буридааст, баҳорат офаридааст!
Баҳори тозарў бимон, ҷаҳони орзў бимон, Шукуфта бод ҳар рухат зи рўзгори фаррухат!
Баланд бод рўҳи ту чу қуллаҳои кўҳи ту, Баландиҳои рўҳи ту фузун кунад шукўҳи ту!
Бодинаврўзсувор Нафаси гарми баҳорӣ, суманак, Муждаи сабза биёрӣ, суманак, Бўи эҳё бирасонӣ ба димоғ, Бодинаврўзсуворӣ, суманак!
Суманак, боз биё, соф чу оина биё, Хушдилу тоза чу ҳаммаҳфили дерина биё, Сурхии лолаи тар бар рухи сабзина биё, Дилкушо чун нафасу чун ҳаваси сина биё!
Суманак, худ суманӣ ту, Бўи боғу чаманӣ ту, Серии мову манӣ ту, Чашми сери Ватанӣ ту!
Суманак, роҳати ҷонӣ, Шодии пиру ҷавонӣ, Азалӣ рамзи аёнӣ, Абадӣ сабз бимонӣ!
Нашавӣ, эй суманак, гум, Ки туӣ шодии мардум, Аз ту сад хўша табассум, Хонаҳо пур-пури гандум!
Бизанӣ ҷўш ту гоҳе, дили мо ҷўш занад, Аз дили пиру ҷавон созу наво ҷўш занад, Шавқ дар ҷўш бувад, гар суманак дар ҷўш аст, То саҳар савти хуши базми тараб дар гўш аст!
Суманак, бўи хуши наврўзӣ, Маҳфили содаи меҳрафрўзӣ, Оташи поки сабақомўзӣ, Гумзаданҳои дили дилсўзӣ!
Суманак дар ҷўш, мо дар ҷўшем, Суманак сабзаву мо гулпўшем, Суманак гандуму гандумгунем, Хирмани ин Ватанем, афзунем!
Ту биҷўшиву шавад ҷўши ҳавас ҳосили мо, Пури гандум бишавад аз рухи ту манзили мо, Нав шавад аз рухи ту шодии ин мулки куҳан, Ишқи дилдор биҷўшад ба дилу ишқи Ватан!
Чун суман рустаиву гулшани моӣ, суманак, Зеби ҳар хонаву хон, хирмани моӣ, суманак, Гармии маҳфили мо, гулхани моӣ, суманак, Шуълаи чашму дили рўшани моӣ, суманак!
Суманак, аз суманат рўҳи равон сабз шуда, Ҳаваси сабз шудан дар дилу ҷон сабз шуда, Давр сарсабз расидасту замон сабз шуда, Сабз дар сабз ҳама рўи ҷаҳон сабз шуда!
Лаби дегат – лаби гўё, Гўшааш – гўшаи дунё, Сўи ту гўши дили мо, Туӣ ҳамҷўши дили мо!
Фасли гулпўш ту дорӣ, Дили пурҷўш ту дорӣ, Сари сабзӣ, чу баҳорӣ, Рўи сурхӣ, рухи ёрӣ!
Суманак, боз ту бо муждаи дерина биё, Сурхии лолаи тар бар рухи сабзина биё, Боз барбод бидеҳ шеваи ғамхўрданро, Бубар аз дил ғами нашкуфтану пажмурданро!
Гулу сабзаву борон Баҳорону баҳорон – Гулу сабзаву борон, Сари сабзу дили шод Насиби туву ман бод.
Бикушо чашму чаман бин, Суманак бину суман бин, Зи гулу майсаи гандум Бинигар шодии мардум.
Баҳорону баҳорон – Гулу сабзаву борон, Сари сабзу дили шод Насиби туву ман бод.
Шавад аз файзи баҳорон Пури гандум ҳамаро хон, Шавад аз нон рухи гулгун, Кулчаву кулчарух афзун.
Баҳорону баҳорон – Гулу сабзаву борон, Сари сабзу дили шод Насиби туву ман бод.
Ба гулу сабза назар кун, Зи ғаму ғусса гузар кун, Бисаро ҳамраҳи булбул, Бикунад ҷону дилат гул.
Баҳорону баҳорон – Гулу сабзаву борон, Сари сабзу дили шод Насиби туву ман бод.
Куртачакан Эй куртачакан, куртачакан, куртачакан, Чун муждаи фасли гул биё ҷониби ман, Дар куртаи ту карда ватан лолаву гул, Дар дидаи ман бикун ту, эй лола, ватан.

пешина
аз 235
навбатӣ