Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чашмаи кўр
Манам он чашмаи ноб, Ки дар ин бераҳа бо пои аташ Эй басо ташна ба сўям омад; Ҷумла бо оби равонбахшоям Ташнагӣ бишкаста,
Аз дигар боз чароғи дилу чашмон афрўхт, Лек як лаҳза дилаш
Бар дили чашма насўхт, Чашм бар чашмаи раҳбаста надўхт; Бо навин зўру тавон
Бо раҳи хеш бишуд ҷумла равон, Норавон монда маро…
Аз чунин бенамакии обам Рафта дар хеш фурў, раҳгуму безўр шудам, Гиря карда шабу рўз, Охир аз обию шодобии худ дур шудам, Чашмаи кўр шудам…
Хайрбодӣ бо чанористон Хайрбод, эй чанорҳои куҳан, Эй бапо ҷоннисорҳои куҳан.
Қисмат аз мо буридатон, афсўс, Эй дареғо зи корҳои куҳан.
Бо шумо рафт рози сарсабзӣ, Ҳайфатон, роздорҳои куҳан.
Ҳасрато, ин баҳор нашкуфтед, Овах аз хор-хорҳои куҳан.
Кўч бастанд сорҳо ба алам Аз сари шохсорҳои куҳан.
Бо шумо ҷовидона рафт аз боғ Сояи баргу борҳои куҳан.
Ном мондеду бенишон рафтед Чун басо ёдгорҳои куҳан.
Тўбатў сўхтан насиби шумо Нашуд, эй пойдорҳои куҳан.
Уфтодед сабзтан аз по Мисли он бемадорҳои куҳан.
Соябон баъд аз ин кӣ хоҳад буд Ҷоятон, эй қаторҳои куҳан?
Кай қароре қарор бахшояд Ба дили беқарорҳои куҳан?
Бо шумо, барнахоста, афтод Ҳайкали шаҳрдорҳои куҳан.
Набуридед риштаи ёрӣ, То буридан, зи ёрҳои куҳан.
Побапои ҳама равон будед Эй басо дар баҳорҳои куҳан – Дар ҳама ид ҳамсафи мардум Ҳамчу хешу таборҳои куҳан – Ёд бодо ба дасти сабзи шумо Лолагун он шиорҳои куҳан…
Ошиқонро фақат шумо будед Ёри гаштугузорҳои куҳан.
Сояҳотон ба раҳ чу қолӣ буд, Ёд бод он нигорҳои куҳан.
Беғалат бурдаед ёронро То дари гулъузорҳои куҳан…
Сояи бахт буд сояатон Бар сари ҷумла ёрҳои куҳан.
Дар таҳи ёди сояҳои шумо Монда он чашмчорҳои куҳан.
Соати меҳру моҳатон гардон Баҳри он интизорҳои куҳан...
Сабзҷонед агарчи боз аз нав Дар дили ҳамдиёрҳои куҳан, Бар сари мо фақат бимонад ёд Дигар аз соясорҳои куҳан.
Аксатон монда дар нигоҳи пуроб Ҳамчунон дар наворҳои куҳан.
Ёдатон сояи сари мо бод, Соябон эй чанорҳои куҳан…
Бепоён
Аз адл ман одилтарам, Аз ақл ман оқилтарам; Бедилтар аз ҳар ошиқам, Аз синаҳо пурдилтарам; Ноқистарам ман аз ҳилол, Аз бадр ман комилтарам; Аз шохаҳо ворастатар, Аз реша побаргилтарам.
Аз ғунчаҳо нашкуфтатар, Аз бодҳо ошуфтатар;
Ифшотар аз ҳарфи лабам, Аз рози дил бинҳуфтатар; Умре сухан гуфтам, вале Аз гуфтаам ногуфтатар; Бедортар шабҳо зи моҳ, Аз офтобам хуфтатар.
Якто манам, афзун манам, Бедил манам, дилхун манам; То осмонҳо сарфароз, Дар остон ворун манам; Ақли ҳама лайлу наҳор, Бо Лайлие Маҷнун манам; Сарриштаи қонун манам, Саргаштаи қонун манам.
Хунҳо зи ман хунё шуда, Дунҳо зи ман дунё шуда, Хушкидадарёи дилам
Оғози сад дарё шуда; Беҷои ин дунё ҳама
Дар дидаи ман ҷо шуда; Ҳар ҷо, ки паст афтодаам, Пастӣ зи ман боло шуда.
Шодобтар аз рўдҳо,
Бахшандатар аз ҷўдҳо, Саркаштар аз ҳар шуълаам, Печидатар аз дудҳо;
Бо будҳо будам ҳаме, Нобуд бо нобудҳо;
Муслимтар аз Иброҳимам, Кофартар аз Намрўдҳо.
………………………………
………………………………
Шабу саҳар
Чу диламро ба хеш назар шуд, Дили зорам зи хеш бадар шуд:
Дили субҳам чи тез шабон гашт, Шаби мўям чи зуд саҳар шуд!
Сиёҳу сафед
Мўи сафедро
Битвон ба зўри ранги сияҳ нопадид кард.

пешина
аз 235
навбатӣ