Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Аммо дили сиёҳро
Бо рўду баҳри шир,
Бо сад ҳазор субҳи сафо
Менатавонӣ сафед кард.
Хомасўзан
Баҳри дил пероҳани таб дўхтам;
Ман бар ин пероҳани дилхоҳи дил
Дона-дона тугмаи ҳаб дўхтам.
Шаб яке аз рўзани рўзам расид,
Аз пайи таб сўзани сўзам расид;
Меҳрро бо моҳу кавкаб дўхтам.
Роҳро дидам, ки аз бероҳ буд,
Рўзро дидам, ки бо бегоҳ буд;
Порае бар рўзам аз шаб дўхтам.
Мансабам – бо ман, ман – аз мансаб ҷудо; Вожаи гарми насабро доимо
Ман ба рўи ҳарфи мансаб дўхтам.
Раҳ набурдам сўи бунбасти талаб; Карда кўтаҳ аз танам дасти талаб, Ман ба ҷояш дасти матлаб дўхтам.
Ман набудам гарчи як қолабшикан, Ташналаб андар биёбони сухан
Ман лаби сад чоҳи қолаб дўхтам.
Бо сухан хў кард агар лабҳои ман, Фаррухӣ, дидам, ки набвад дар сухан, Хомасўзан сохтам, лаб дўхтам…
Эй хома,
Аё роҳрави шебу фароз,
Роҳи ту дарозу рўҳи ту шаҳраҳи роз, Мулки дилу ҷон гирифтӣ, аҳсан, аҳсан, Пайдову ниҳон гирифтӣ, аҳсан, аҳсан, Якрўя ҳама рўи ҷаҳонро гаштӣ, Якпоя ҷаҳон гирифтӣ, аҳсан, аҳсан!
Самти сабзи ишора
Навҷавонӣ гузоракобӣ рафт,
Ёркобиву ёракобӣ40 рафт.
Дид хуш-хуш гузори умру ҳазин
Пайи умри дуборакобӣ рафт.
Буд кай найдарав тақозояш –
Тифлии найсуворакобӣ рафт.
Зулфи зарди ҷувориаш дар даст,
Гушнаи нон зағоракобӣ рафт.
Бори ори китобҳош ба дўш,
Дар ба дар боз иҷоракобӣ рафт.
Аз пайи хушназорае хуш-хуш
Рафт аз худ, назоракобӣ рафт.
Рафта буд пора-пора аз паси ёр,
40 ёра– ёро, қудрат; тоқат; ҷуръат. Шамсиддини Шоҳин мефармояд:
Парвардаи нозро чи ёра,
Паҳлў фиканад ба хору хора.
Хешро пора-поракобӣ рафт.
Об шуд аз ишорае, шорид,
Самти сабзи ишоракобӣ рафт.
Бо хаёли ситорарухсоре
Рўзу шаб истиоракобӣ рафт.
Дар дили шаб, асои хома ба каф,
Вожаҷўӣ, иборакобӣ рафт.
Тунд якчанд чораҷўӣ кард,
Ончунон низ чоракобӣ рафт.
Орзўяш ситорадорӣ буд,
То фалакҳо ситоракобӣ рафт.
Дар худу оламе намегунҷид,
Олами беканоракобӣ рафт…
Ҳалолат шири модар…
Ба меъмори Истиқлолияти давлату миллат Раҳондӣ аз ҳалокат ҷисму ҷони Тоҷикистонро, Ба паҳнои ҷаҳон бурдӣ ҷаҳони Тоҷикистонро, Ниёзу рози миллатро ба минбарҳо баровардӣ, Кушодӣ дар ҳама минбар забони Тоҷикистонро.
Ҳалолат шири модар, қадри модарро ту медонӣ, Ба ин сон меҳрубонӣ меҳри хоҳарро ту медонӣ, Дилат саршори ишқу ишқи ту саршори дил бошад, Ба ин ишқу ба ин дил ишқи дилбарро ту медонӣ.
Ту бо модар қасам хўрдӣ, қасамро поктар кардӣ, Ба шафқат хоҳаронро раставу бебоктар кардӣ, Вафоро бар диёру ёр то ҳар ҷону дил бурдӣ, Заминӣ ишқро волотару афлоктар кардӣ.
Ба дилбандӣ ту фарзанди тамоми модарон гаштӣ, Бародарвор пайванду шафиқи хоҳарон гаштӣ, Зи сар то по дили покиву барҳақ рамзи дилдорӣ Ба ҷамъи хушдили дилдодагону дилбарон гаштӣ.
Биарзад, гар садоқатро садоқат аз ту омўзад, Сафобахшо муҳаббатро муҳаббат аз ту омўзад, Саодат доштан аз бахту аз иқболи мардумро Дар ин дунёи бемеҳрӣ саодат аз ту омўзад.
Касеро нестӣ ноёр, аё эй ёри Истиқлол, Бувад дасту дилат пайваста андар кори Истиқлол, Ба ҳар ҷо мондаӣ аз хештан осори Истиқлол, Муборак Кохи Истиқлол, эй меъмори Истиқлол!
Модар
Аё модар,
Аё эй чашмаи поку мунаввар,
Аз канорат мо чу дарёҳо равон гаштем; Ҷаҳон гаштем,
Дар роҳи ҷаҳонгардӣ ҷаҳон гаштем; Ҳазорон рўду дарё дида, дур аз чашмаи меҳри ту аммо ташнакоми ҷовидон гаштем!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё