Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аё модар,
Аё эй шамси ховар, Мо ба пеши меҳри поку бекаронат зарраҳо ҳастем, Агарчӣ гоҳ-гаҳ бехеш гарми иддао ҳастем, Бақои мо ҳамин бошад, Ки дар оғўши пурнури ту ҷо ҳастем, Ҷаҳондору ҷаҳонгири ту аз як каф дуо ҳастем!
Аё модар,
Агар як дам зи ёдат дур андар кунҷи гарми хеш бо шахси ту бедардем, Агар як дам сари таъзим бар хони туву бар хонаву бар нони гарми ту наовардем, Агар як дам сари таъзим бар гармии дил, бар ҷони гарми ту наовардем, Агар сад оташу сад оташин бошем, Агар сад ахтари чархи барин бошем, Дар ин даҳр рўсардем, дилсардем, ҷонсардем!
Аё модар,
Ба наздат гоҳ агарчӣ бодиему тундтар аз бод, Насими сабзи меҳрат ёд бодо, ёд, Ки хоҳад рафт моро Ҷисми бодӣ, Ҷони бодӣ
Бе насими меҳри ту барбод!
Аё модар,
Аё дар баҳри қисмат шуртабоди мо, Аё эй бодбони киштии бахту муроди мо, Аё шири сафедат шаҳдбахши комҳои мо, Танўри гарми меҳрат пухтасози хомҳои мо, Аё эй оташи созандаи сўзон ниҳоди мо, Ҷавоби шири покат бод умри покзоди мо Ва подоши умеду ормонат – дар талоши будан одам – ёрии мо, ваҳдати мо, иттиҳоди мо!
Аё модар,
Ту оби мо, гили моӣ, сафои маҳфили моӣ, бақои манзили моӣ, Набошӣ ту агар, Ҳастии мо берун зи обу гил нахоҳад шуд, Гилу оби азал дар ҳастии мо ҳеҷ ҷону дил нахоҳад шуд!
Аё модар,
Туӣ он кўҳи побарҷо, Ки аз акси садоят мешавад огоҳ дунё аз хушии мо, фироқи мо; Туӣ баъд аз Худо, баъд аз Ватан Яктои мо, дунёи мо, дар меҳр тоқи мо!
Нестам як сухан…
Камтарин бастаи каломам ман, Хуш аз он бо хушии номам ман.
Гарчи кўчидаам зи худ ба сухан, Нестам як сухан, маромам ман.
Тифли сарсабзи боғи ин Ватанам, Пухта аз меваҳои хомам ман.
Гармии манзил аст хуршедам, Сабзаи руста рўи бомам ман.
Хўрдаам нону оши халқ зиёд, То ҷаҳон ҳаст, аҳли вомам ман.
Баргузиданд гоҳ хосам агар, Турфа хосӣ, ки хоси омам ман.
Пухтаҳоро чу дидам – афтоданд, Шукр гуфтам ба худ, ки хомам ман.
Сахт аз издиҳом метарсам, Гарчи як тан аз издиҳомам ман.
Дар раҳи меҳру шеър аз ман хеҷ Бенизомӣ маҷў, Низомам ман!
Ватан
Набошад ин Ватан фақат Сарои ту, сарои ман, Ватан бувад дар ин ҷаҳон Бақои ту, бақои ман!
Замини ўст такягоҳ, Самои ўст сарпаноҳ, Ду чашми ўст меҳру моҳ Барои ту, барои ман!
Аз ўст номат арҷманд, Каломат аст дилписанд, Аз ўст ҳар куҷо баланд Садои ту, садои ман!
Туро аз ўст зебу фар, Маро аз ўст болу пар, Кушод аз ўст ин қадар Фазои ту, фазои ман!
Баланд ҷумла сар аз ўст, Баландии назар аз ўст, Баланд ин қадар аз ўст Баҳои ту, баҳои ман!
Ба дасти ҳар дилогаҳаш Тилост ҳар пари каҳаш, Чу қолӣ аст пайраҳаш Ба пои ту, ба пои ман!
Кушод хони ў шавад, Зиёд нони ў шавад, Нигоҳбони ў шавад Худои ту, Худои ман!
Ба ганҷи ҷон, ба ранҷи тан Аз ў кунем як чаман, Касе намекунад Ватан Ба ҷои ту, ба ҷои ман!
Расми дастонсоз Ба дўсти шоирам Ҳодӣ Сайидии Киёсарӣ, ки барои оғози ин ғазал мадюни мисраи зебои ўям.
То нафас боқист, эй ишқи ҷалолӣ, зинда бошӣ, Чорасоз, эй душмани бечоранолӣ, зинда бошӣ.
Бегумон, ҳар синну солеро ғамеву ҳасрате ҳаст, Ошиқӣ, эй давраи бесиннусолӣ, зинда бошӣ.
Бе ту ин ҷоми тилоӣ чист, эй ишқи тилоӣ?
Эй хумори ишқу он ҷоми сафолӣ, зинда бошӣ!
Бо қади хам мекунам, эй ёри дил, з-ин пас дуоят:
Дар дилу ҷон бо қади сабзи ниҳолӣ зинда бошӣ.

пешина
аз 235
навбатӣ