Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Гўш бар ҳарфаш ҳама пунба ба гўш, Пунбакораш ҷумла синтетикапўш, Соҳибонашро ҳаме дорад ба дўш Халқи соҳибихтиёри коғазӣ.
Бешумар ноҳудаву нобуда кард, Охир ақли зиндагиро суда кард, Бо вафои коғазӣ як тўда кард Бар Ватан ҷонро нисори коғазӣ.
Коғазӣ бин боғу роғи халқро, Тўйу суру дарду доғи халқро, Ҷону дил, гўшу димоғи халқро Карда заҳрогин ғубори коғазӣ.
Пеши коғаз ишқ ҳам шуд пуштипо, Коғазӣ шуд ёрию меҳру вафо, То ба ҷои хештан монад ба ҷо, Зумраеро ҳаст ёри коғазӣ.
Коғазӣ шуд боғ, гул ҳам коғазӣ, Аслу наслу обу гил ҳам коғазӣ, Нангу ору ҷони дил ҳам коғазӣ Андар ин норўзгори коғазӣ.
Буд коғаз ҳам саволу ҳам ҷавоб, Буд коғаз ҳам уболу ҳам савоб, Барфҳои коғазӣ то гардад об, Дил ҳамехоҳад баҳори коғазӣ.
Селҳои коғазӣ бошад равон, Бодҳои коғазӣ бошад вазон…
То куҷоҳо меравад, эй одамон, Баъд аз ин ин раҳсипори коғазӣ?!
Ҳар касеро ҳаст кори коғазӣ, Эътиқоду ифтихори коғазӣ, Ҳамчу як беэътибори коғазӣ Бояд афканд аз манори коғазӣ!
Даст бар пушт мерасӣ пешаш.
Даст бар пеш мерасад пешат.
Мезанӣ бетааммуле нешаш, Менамояд таҳаммули нешат.
Бе замин ў наметавонад буд, Ҳамчунин, нест ин замин бе ў.
Ту вале, з-осмон нав афтода, Медиҳӣ пандаш аз замин берў.
Бовиқорона меравӣ аз пеш, Гаҳ нишон додаву гаҳе фармон.
Хоксорона меравад аз пас, Ў туро гўш карда бо имон.
Мекунад рўзу шаб ҷидолу талош.
Мекунӣ рўзу шаб сиёсатҳо.
Мешавад ҷои ў сари мазраъ.
Мешавад ҷои ту раёсатҳо.
Аввал ояд зи ту фақат коҳиш, Охир ояд фақат ура-ураҳо.
Мезанад даступо миёни замин.
Мезанӣ дасту по ба кунгураҳо.
Дунбахорӣ туву ҳамелағзад Кордат рўи рўғани дунба.
Пунбакор аст ўву аз қисмат Ҳиссаи ўст рўғани пунба.
Пас ба курорт дар ҳавопаймо Мепарӣ, фориғ аз набуду буд.
1984 Обу ҳубоб
Ў вале мепарад ба умр фақат Дар шаби хоб.
Дар Гилеми Кабуд…
P.S.
Обрўи ту мешавад охир Оби рўяш ҳаме чакону чакон.
Обрўи ту соф мерезад, Оби рў гар нарезад ў чандон.
Бош ҳампои ин бузурги замин, Даст медеҳ,
Мадеҳ варо аз даст, Бас каландаш ҳаметавонад кард Пушти чун пуштаи туро ҳам паст.
Ин қадар бо ғуруру даъвоҳо Бар бузургии коғазӣ машитоб.
Ўст оби ҳалоли ҷў.
Ту наӣ
Пеши ин об бештар зи ҳубоб.
Курсӣ
Давонда реша ҳар хоҳони курсӣ Ба курсӣ ҳамчунон дандони курсӣ.
Кунад доим дуои ҷони курсӣ, Зибас болост аз поёни курсӣ.
Расад бар курсиаш дасте баногаҳ, Раги аъсобу ҷонаш мекашад таҳ, Давоми курсӣ аст ў, бош огаҳ, Дар ў сабзида бин сутхони курсӣ.
Чу дар курсист, набвад остонаш, Бубинад ҳар чи, тобад осмонаш.
Ба курсӣ, гўӣ, андар ошёнаш Бихонад мурғаки хушхони курсӣ.
Матои пахтагин кобӣ, наёбӣ.
Ҳазорон ону ин кобӣ, наёбӣ, Дили курсинишин кобӣ, наёбӣ…
Биёбӣ ҳар куҷое кони курсӣ.
На ҳар курсӣ, ки савлат пеша дорад, Ба обу хоки кишвар реша дорад.
Басо курсӣ, ки зеби теша дорад!
Бимонад курсии шоёни курсӣ.
1984 Бувад беҳуда курсидор шоиқ Ба даври рафтаву даврони собиқ, Ки мардум буд хидматгори содиқ Пайи иҷрои ҳар фармони курсӣ.
Билангад, гарчи бошад пой чораш, Фурў ғалтида аз ў нангу ораш, Ҳамебояд намудан сангсораш, Ки шуд бисёр дил қурбони курсӣ.
Давонда реша ҳар хоҳони курсӣ Ба курсӣ ҳамчунон дандони курсӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё