Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кунад доим дуои ҷони курсӣ, Зибас болост аз поёни курсӣ.
Газида ў ба дандонкурсии худ, Ҳазорон корро кардаст нобуд.
Бимон пеш, эй замон, кафши варо зуд, Ки умре буд ў меҳмони курсӣ!
Халта
Бедард гуфтаӣ ту, Дар умр хонда шеъре:
«Бин, шоирӣ чи кайф аст – Як халта пул бигирӣ!»
Худ фикри халтаи пул Бошад зи ақли калта.
Он халтае, ки гўӣ, Дорад ҳазор халта.
Обичахалтаҳое Дар ҷону дил фузун аст, Обичахалтаҳое Лабрези обу хун аст.
Сахт аст чашми худро Сўи дарун кушудан, Дилро даруни сина Як халта хун намудан.
Бехобӣ оварад бор Ҳар субҳгоҳ охир Ду халтаи пури хоб Зери ду чашми шоир.
Ба ҷои лавҳаи коргоҳи бюрократ Пушти мизат, эй «баиззат», ҷумла чизат – коғазӣ, Пушти мизат ҷумла чизат ғайри мизат – коғазӣ.
Пушти мизат корҳое Пушти мизат пур бувад хуфта зери дорҳо, аз мурдаҳои корҳо.
Пушти мизат эй басо имрўзҳо фардо шуда, Пушти мизат корҳое коғазӣ иҷро шуда.
Тўра Тўрич, ростӣ, як умр кардӣ тўрагӣ, Ҷўра Ҷўрич пуштибонат буд, ҳошо ҷўрагӣ!
«Гап – миёни ҳардумон…» - «Гап – миёни ҳардумон!» - мегуфт ҳар гоҳе туро, медод огоҳӣ туро.
Гап – миёни ҳардутон, ашё – миёни ҳардутон, Гап – миёни ҳардутон, дунё – миёни ҳардутон!
Кулли ону ин миёни ҳардутон буд рўз агар, Зуҳраву Парвин Гап миёни ҳардутон, миёни ҳардутон буд то саҳар…
тайёраҳо буд аз шумо, Як ду-се тайёра чӣ, сайёраҳо буд аз шумо!
Дар қабулоҳат гузашта солу моҳи одамон, Чеҳраҳои заъфарон бошад гувоҳи одамон.
Баски солу моҳҳо чуну чароҳо кардаӣ, Ваъдаҳо бар динаву имрўзу фардо кардаӣ, Дар қабулоҳи ту тифлон марди майдон гаштаанд, Пирҳо дар интизорӣ аз ҷаҳон бигзаштаанд!
Хостӣ аз пир, к-ў бар пириаш орад гувоҳ, Хостӣ аз гушна, к-ў бар сериаш орад гувоҳ, Бар заниаш то кунӣ бовар, зи зан хат хостӣ…
Ҳаббазо, муллонуқото, то кунун барҷостӣ!
Тавқи гардан каҷ, нигоҳат каҷ, кулоҳат каҷ бувад, Даст мемонӣ ба коғаз – ҳамчу роҳат каҷ бувад.
Бо ҳамоқат кардаӣ бисёр имонро ту каҷ, Аз ҳақиқат кардаӣ бисёрҳо ҷонро ту каҷ!
Пушти мизат, эй «баиззат», дод мезад зиндагӣ, Пушти мизат – бетамизат мурда буд сад зиндагӣ.
Пушти мизат, Пушти мизат, аз ҳақиқат эй «баиззат», бурдаӣ умре паноҳ, кардаӣ умре гуноҳ!
Бас умеду ормонҳоро ту кардӣ ғўрамарг, Орзў дорам бар ин кишвар биёяд тўрамарг!


Шеърҳои ифтихорӣ мешавад ҳар қадр бисёр, мешавад он қадр камтар ифтихор.
Шоироне рўзу шабҳо шеърҳои ифтихорӣ менависанд, мисраъу байти шиорӣ менависанд, балки абёти шикорӣ менависанд.
Сатрҳошон чун раҳи марди шикорист:
зоҳиран аз хавф орист, лек ҳар як ҳарфашон дони фиребест, ҳар ҳиҷои баста чун доми фиребест; меравад мардум аз ин роҳу намедонад, рафтани худро ба дом оҳу намедонад.
Зумрае пайваста васфи халқ дорад, шеърашон аммо набошад ғайри савганди ҳавоӣ; шеър мехоҳад зи шоир халқу бас, шоирони ифтихориро вале ҳаст савганди зиёду нест як шеъри кироӣ.
Мехўрад ҳар шоире осон зи хони халқ нон, мехўрад савганд ҳам осон.
…Мешавад ҳар қадр бисёр шеърҳои ифтихорӣ, мешавад шеър он қадар аз ор орӣ…
Қаламҳой Ҳар ки аз қисмат бадар омад аламкаш, Мекунад қисмат варо охир қаламкаш, То кашад умре қалам бо ройи қисмат, Ҳар аламро афканад дар пойи қисмат.

пешина
аз 235
навбатӣ