Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бари қабри шаҳидон қад кашидӣ, Сари китфи ҳавасҳо гашта бунёд, Яке девори ту – аз мармару гаҷ, Яке девори ту аз каҳгил обод.
Туро қомат баланд аз хиштҳо не, Туро қомат баланд аз орзўҳост, Сари сабзе бувад ҳар навниҳолат, Канорат сабз аз дилҳои дарёст.
Канорат баски пур аз ошиқон аст, Ҷавонии туро ҳар дил сарояд.
Зи оғўши ту бўи шаҳри обод, Зи домони ту бўи деҳ биёяд.
Равам ҳар ҷо, дилам бо ту бимонад, Барам меҳри туро дар дил ҳама ҷо, Дар оғўши пур аз меҳри ту ҳар дам Кунам сад орзўву сад таманно.
Душанбе, пойтахти ишқу бахтам, Бимон, умре фаромўши ту бошам, Дилам аммо тапад дар синаи ту, Ҳамеша тифли оғўши ту бошам!


Ҳамчун нишони рафтагон Дар ин замин, дар ин замон Бошед умре ҷоназиз, Бошед умре дилҷавон, Эй ҳамдилон, Эй ҳамдилон!
Имрўзатон фардо шавад, Фардоятон зебо шавад, Дастонатон гиро шавад, Дилҳоятон дарё шавад, Эй ҳамдилон, Эй ҳамдилон!
Гаҳ беқирон, гоҳе қарин, Болида гаҳ, гоҳе ғамин, Хоҳе чунон, хоҳе чунин, Ҳастед ҳусни сарзамин, Эй ҳамдилон, Эй ҳамдилон!
Аз рўзгори пурзиё Чун ёдгори пурбаҳо Бояд бимонад баъди мо Бас пурсафо афсонаҳо, Эй ҳамдилон, Эй ҳамдилон!
Танўри модар Нури дил афзояд аз нури танўри модарам, Нуру нораш ҳаст аз рўи банури модарам, Кардааст обод умре тўйу сури модарам, Буда умре мазҳари нангу ғурури модарам.
Мешукуфад боғи дил аз лахчаҳои чун гулаш, Ончунон аст он, ки ҳаргиз кас намегўяд гилаш, Ҷовидона рўшану бедуд месўзад дилаш Чун дили умре сабуру носабури модарам.
Бо танўраш модарам дарёдилу дарё бувад, Балки бо ин махзанаш доротар аз Доро бувад, Як танўри пур зи нонаш бартар аз дунё бувад, Кас надорад андар ин дунё ҳузури модарам.
Пеши ў болост аз сад кони зар нони танўр, Умри тифлонаш, ки гашта сабт дар нони танўр, Чашми чору меҳрубоне буда ҳар нони танўр Ҷониби фарзандҳои роҳдури модарам.
Дар хаёлаш гушнамаргонаш чу доранд оюрав, Дар танўри синааш як умр месўзад алав, Бурдаи нони газида тобадаш ҳар моҳи нав…
Нест касро тоқати ғамҳои зўри модарам.
…Оташатро кушт гоҳе оташи ҷанги ҷаҳон, Бо дили пур пешат омад, гуфт: дилхолӣ намон, Бар дилат аз сўзи дил часпонд нони ормон, Серии чашму дил, эй суру сурури модарам.
Ҷовидон бошӣ ту, эй кўҳи ғурури модарам, Эй намакдону намак, эй талху шўри модарам, Бошӣ обод, эй ҷаҳони нору нури модарам, То ки бошӣ, пур зи нон бошӣ, танўри модарам!
Зиндагихоҳӣ
Дар дили ман, то ки хоҳам зист, тарс қодиртар зи нотарсист, зўр пеши заъф безўр аст, пеши зулмат нур бенур аст, гиряам қодиртар аз ханда, сабр пеши ранҷ шарманда, ҳаст доим боумедиям хаста пеши ноумедиям.
Дар дилу дар ҷони ман, яъне, гар бигўям бо яке маънӣ, зиндагихоҳӣ на чандон аст, к-интизори марг пинҳон аст.
Дар дилу дар ҷони ман лекин ҳаст фарзу суннате дерин, балки такрори куҳандарсест:
доимо пирўз нотарсист, зўр доим мешавад пирўз, нур доим мешавад пирўз, гиряам аз ханда бигрезад, ранҷ афтад, сабр бархезад, ғолиб ояд боумедиям доимо бар ноумедиям.
Дар дилу дар ҷони ман, яъне, гар бигўям бо яке маънӣ, зиндагихоҳӣ шавад пирўз бар хаёли марги дунёсўз.
Чунки ман худ, то ба дунёям, сахт ҷонибдори инҳоям.
Бозёфт
Ғамам то ҳаст, ғамхоре биёбам, Камам бо хеш, бисёре биёбам.

пешина
аз 235
навбатӣ