Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сари кас бе сари коре чи бошад, Саре дорам, сари коре биёбам.
Диле дорам, ба дилдоре бубахшам, Баҳояш то ки дилдоре биёбам.
Дар ин торам маро хуш зулфи торест, Дар ин торам аз он торе биёбам.
На ман озурдаи озори ёрам, Зи ҳар озораш осоре биёбам.
Ғараз он аст аз ин дасту аз ин по, Ки ҳамдастии подоре биёбам.
Зи ҳар море ба беморе давое, Зи ҳар хоре гули хоре биёбам.
Деҳа
Деҳаам аз канор то ба канор Саф ба саф хонаҳо ба бар дорад, Ҳамчу пирони деҳа ҳар хона Аз басо неку бад хабар дорад.
Ҳамчу ҳамдеҳаҳо ситода қатор, Мекунандат гусел қад-қади роҳ, Балки шод аст он яке беҳад, Дигар аз ғам бадард мекашад оҳ.
Хонае гарм аз оташи дилҳост Бе ҳамон сўзу тоби оташ ҳам, Хонае сард аз дили сард аст, Несташ ҳеҷ гарчи оташ кам.
Нозад он як, ки зербоми ў Боиси фахри одамон гашта, Дард дорад дигар, ки фарзандаш Зери номи падар ниҳон гашта.
Меравам… Хонаҳо ба паҳлўям Пайкари ёди неку бад бошанд, Ҳарчи бошанд, чун нишони ҳаёт Кош обод то абад бошанд.


Дилам месўзад, эй истораи афтода, бар ҳолат, Дилам месўзад, эй ганҷинаи накшода, бар ҳолат.
Бароят нест озодӣ ба ҷуз афзори озода, Дилам месўзад, эй зиндонии озода, бар ҳолат.
Хуморе бишканӣ гоҳеву гоҳе бишканӣ дилҳо, Дилам месўзад, эй пайванди ҷому бода, бар ҳолат.
Гарон меоядам ҳар гоҳ чун базми гаронгўшон, Дилам месўзад, эй сарвою эй сарвода, бар ҳолат.
Мураккаб бозие будаст дунё, хуб донистам, Дилам месўзад аз таҳти дилам, эй сода, бар ҳолат…


Омадам гаҳ ҷамъ бо пайвандҳо дарёбвор, Гаштаам аз худ парешон гоҳу ногаҳ обвор.
Чини мавҷу чини пешонии ман аз саркашист, Гаҳ сари худ хўрдаам дар зиндагӣ гирдобвор.
Ман зи нодида гирифтанҳо нагаштам ҳеҷ гум, Рафтам андар худ фурў аз дидаҳо ноёбвор.
Неку бад кард ошноям бо баду неки ҷаҳон, Гаҳ таҳи по будаам, гаҳ тори сар санҷобвор.
Будаам дар хоб аз бедорҳо бедортар, Хоб будам гоҳ дар бедориам ман хобвор.
Рўзу шаб фикру хаёли куҳнаву нав кардаам, Хешро коҳидаам як умр ман маҳтобвор.
Риштаи садо
Барои Одина Ҳошим
Бар риштаи12 садои ту бинам, гумон кунам:
Ҳар ришта нусхаи раги шарёни ман бувад, Дармонад он агар, ҳама дамгир мешавам, Пайванд, гўӣ, он ба дилу ҷони ман бувад.
Ин лаҳза,бе муболиға, дар ҳар раги дилам Чун хуни тоза мешавад овози ту равон.
Бо халқи ҷонфишондаву камхуни ман бувад Ҳамхуну ҳамравон чу ту кам андар ин ҷаҳон.
Азбаски нусхаи раги шарён бувад туро, Бо ришта кардаӣ ту равон хуни дил фузун.
То ҳар диле чу хуни ту рафтаст бо садот,
12 Лентаи сабти овоз, ки он солҳо маъмул буд.
Бо ҳар диле, ки дил буда, дорӣ ту ҳаққи хун.
Балки туӣ табибу садоят ҳама даво, Мегардад аз садои ту ҳар дарди сина ҳеч, Ҳар риштаат чу докаи бўр асту мекунӣ Ё захмҳои ҳар дилу ҷонро ту докапеч?


Дар дилам гўри ҳазор уммед, Дар дилам гўри ҳазор армон, Дар дилам гўри ҳазор ошўб, Дар дилам гўри ҳазор исён.
Ман умеди бешуморамро
Дар дилам гўрондаам, оваҳ, Тифлакони орзўямро
Пуралам гўрондаам, оваҳ.
Дар дилам гўрондаам бераҳм Ишқи як дилдори хушгилро, Дасти ишқ аз гўр берун монд, Мефишорад то кунун дилро.
Сўхтам беҳосил аз ишқе,
Гўри сўзе дар дилам монда.
Кўр кардам чашми рўзеро,
Гўри рўзе дар дилам монда.

пешина
аз 235
навбатӣ