Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Басо биштофтам дар баҳри ишқат,
Гуҳарҳо ёфтам дар баҳри ишқат,
Гарон омад чу дил бар киштии тан,
Варо партофтам дар баҳри ишқат.
Замоне хуш, ки дилдори ту будам,
Вафохоҳу гирифтори ту будам,
Гули ман, он баҳорон хуш, ки якчанд
Чу хоре рўи девори ту будам.
Ту бошиву ману овои дарё,
Нигоҳи шўху бепарвои дарё,
Ба гўши мо бирезад рўзу шабҳо
Навои шавқ аз лабҳои дарё.
Ғами бешу ками дунё чи бошад?
Ғами хушку нами дунё чи бошад?
Набошӣ ту, диламро мехўрад ғам,
Агар бошӣ, ғами дунё чи бошад?
Зи ишқи туст умре гуфтугўям,
Ба сўи туст роҳи ҷустуҷўям,
Зи садҳо орзўи худ гусаста,
Туро пайвастаам бо орзўям.
Замоне чашми мастат сўи об аст,
Зи мастӣ об ҳам дар изтироб аст,
Ба соҳил омаданҳои аз обат
Маро, эй дурри ғалтонам, азоб аст!
Худо, ёри маро масрур бинмо,
Дилашро кони нору нур бинмо,
Маро чун дур кардӣ аз бари ў,
Чу ман ғамро ҳам аз ў дур бинмо!
Хаёлам банди зулфи хам-хами туст,
Дилам овораи бешу ками туст,
Ҳама ғамро ба дунё хўрда ин дил,
Ғаме, ки мехўрад дилро, ғами туст.
Дили дарё ба сад дарё нагунҷад,
Сари танҳо ба сад дунё нагунҷад,
Дилам девонаи ишқи ту бошад,
Чунин девона дар саҳро нагунҷад!
Надонам фасли гармо аз зимистон,
Надонам тирамоҳон аз баҳорон,
Аз он рўзе туро дидам, ҳама сол
Ду фасл аст аз бароям – васлу ҳиҷрон.
Сарам вазнин чу сарбор аст бе ту,
Раги гардан маро дор аст бе ту,
Садои дил малолангезу дилгир
Чу даркўбии такрор аст бе ту.
Чи бар дорад дарахти интизорӣ –
Ҳазорон бехудиву беқарорӣ.
Қарору сабр аз ҳар шохаи он
Парида ҳамчу мурғони фирорӣ.
Пурармон омадам, рафтам пурафғон,
Гулафшон омадам, рафтам пушаймон,
Ба боғи ту, мисоли бод, эй гул,
Парешон омадам, рафтам парешон.
Зи як бадрашк ашки дона монда,
Зи як паймоншикан паймона монда,
Зи ту он қадр монда ёди ширин,
Ки дар ҷону дили ман ҷо намонда.
Зи ишқат монда, ёро, хотироте,
Чи сон ширин, Худоро, хотироте,
Гувору ногувори ҳамдамиҳо
Бишуд охир гуворо хотироте.
Сапеда омаду дунё сапед аст,
Дили ман бо хаёлат пурумед аст,
Шукуфон чун ба сарвақтам биёӣ,
Дами ҷонканданам ид аст, ид аст!
Бувад дар ишқ сад афғони охир,
Висоли аввалу ҳиҷрони охир,
Худо баъди гулафшонҳои аввал
Нигаҳ дорад зи дастафшони охир!
Дили нохуш чун аз нав хуш бигардад,
Рухи коҳида чун маҳваш бигардад,
Бигардад чашма дарё, лек дарё
Чун аз нав чашмаи беғаш бигардад?
Ало субҳи умеди ман, биё боз,
Ало рўзи саиди ман, биё боз,
Дилам мегирад аз ҳар рўсафеде,
Ало эй дилсафеди ман, биё боз!
Рухат дар чашми ҳайрони ман афтад,
Алавҳо дар дилу ҷони ман афтад,
Ба рўят бингарам чандон, ки охир
Гули рўят ба чашмони ман афтад.
Зи ҳар чашми баде мастур бошӣ,
Ба дил наздику аз ғам дур бошӣ,
Маро манзур бошӣ ё набошӣ,
Ба бахти неки худ манзур бошӣ!
Рўи олам садқаи рўйи ту бод!
Бўи гул саргашта аз бўйи ту бод!
Мўйҳоятро фишон бар шонаам,
Шонаи ман садқаи мўйи ту бод!
Абруятро об деҳ аз ашки ман,
Обрўям сарфи абрўйи ту бод!
Бигзарӣ бо ноз чун аз чорсў,
Чор сў моил ба як сўйи ту бод!
Ман бадам, дорам вале фикре накў:
Дар лаби ман номи некўйи ту бод!
Об гаштам ман ба ҷўёҷўйи ту,
То абад оби ману ҷўйи ту бод!
Эй арўси орзўҳои дилам,
Шеъри ман тўёнаи тўйи ту бод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё