Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Гули боғи туро бо ту бичинам,
Гули доғи туро ҳаргиз набинам!
Гушнае ҳамчу маро чеҳраи чун нони ту бас,
Ташнае ҳамчу маро чашмаи чашмони ту бас.
Ганҷи ҷисмонии мо ҷисми ману ҷисми ту беҳ.
Ганҷи рўҳонии мо ҷони ману ҷони ту бас.
Ахтари хеш наҷўям дигар аз боми фалак,
Ахтари бахт маро дидаи рахшони ту бас.
Обрўям – рухи шодобу дили дарёят,
Обрўполаки умрам сафи мижгони ту бас.
Бар мани аз каму бисёри ҷаҳон дил канда
Дили бо ёди ту осудаву хоҳони ту бас.
Аз ҳама ҷамъу парешони ҷаҳони гузарон
Хотири ҷамъи ману зулфи парешони ту бас!
Риштаи ҷону дил
Ошиқе ҳушёртар аз ман набуд,
Чашми махмури туям бинмуд маст,
Гар нагирӣ аз вафо дасти маро,
Меравам дар ишқи ту охир зи даст.
Решаву обу гилам пайвасти ту,
Риштаи ҷону дилам дар дасти ту.
Нўш кардам ҷоми чашмони туро,
Ку дигар бехешу масте ҳамчу ман?
Рў ба рўи оташат овардаам,
Ку дигар оташпарасте ҳамчу ман?
Решаву обу гилам пайвасти ту,
Риштаи ҷону дилам дар дасти ту.
Кош дар дил, эй баҳори ҷони ман,
Аз гули рўят намонад хор-хор,
Ҷои рўзу соати тори дилам
Бишмарам мўи туро ман тор-тор.
Решаву обу гилам пайвасти ту,
Риштаи ҷону дилам дар дасти ту.
Мекунам ҳамсанги дил ишқи туро,
Мекунам номи туро фарҳанги дил.
Гар шавад дил санг андар синаам,
Меканам номи туро дар санги дил.
Решаву обу гилам пайвасти ту,
Риштаи ҷону дилам дар дасти ту.
Чашми ангури ту битвонад фақат
Роҳ бинмояд дили масти маро,
Меравам дар ишқи ту охир зи даст,
Гар нагирӣ аз вафо дасти маро.
Решаву обу гилам пайвасти ту,
Риштаи ҷону дилам дар дасти ту.
Навхатӣ додари дилсўз набуд,
Бозам афканд ба чоҳи нигаҳат,
Худ бирафт аз сари ман бепарво,
Зор ман мондаму он умқи чаҳат.
Будаам чанд ба чоҳи нигаҳат
Юсуфи пураламу дар табу тоб,
Ман ба чоҳи нигаҳат фаҳмидам:
Чашмат обист, нигоҳат беоб.
Вой, бетаҳ буда чоҳи нигаҳат,
Сахту пайваста ба таҳ мекашадам,
Мекашад таҳ дилам аз ин савдо,
Охир ин чоҳи нигаҳ мекушадам!
Лек аз ин ҳол маро нест гурез –
Нигаҳат чоҳу туӣ тақдирам.
Гар раҳо ёфт аз он чаҳ Юсуф,
Ман дар ин чоҳ яқин мемирам!
Абрўкамон
Мижгон чу тир, абрў – камон,
Тире занад ҳар сў камон,
Дар рў чунин берў камон,
Ваҳ, ин қадар дилҷў камон!
Абрўкамон, абрўкамон,
Тире бизан бо ў камон!
Ман куштаи ишқи ту беҳ,
Саргаштаи ишқи ту беҳ,
Чун лолае аз хуни дил
Дар пуштаи ишқи ту беҳ.
Абрўкамон, абрўкамон,
Тире бизан бо ў камон!
Чун рўят оташ ку дигар?
Чун ту камонкаш ку дигар?
Дилро зи ман кардӣ ҷудо,
Монандат Ораш ку дигар?
Абрўкамон, абрўкамон,
Тире бизан бо ў камон!
Оҳанги тадбире бизан,
Гулбонги тақдире бизан,
Баркаш камони абруят,
Бар ҷони ман тире бизан!
Абрўкамон, абрўкамон,
Тире бизан бо ў камон!
Таронаҳо
Манам афкандаи дарду ғами ишқ,
Яке саргаштаи бешу ками ишқ,
Ҳама ғарқидаи баҳранду дарё,
Манам ғарқидаи як шабнами ишқ.
Бирафтам ҳар куҷову бозгаштам,
Чу мурғон аз раҳи парвоз гаштам,
Зи озодии ҷовидон гузаштам,
Асири ҷовидони ноз гаштам.
Яке аз пушти осоре давида,
Яке аз пушти озоре давида,
Давида ҳар касе аз пушти чизе,
Дили бепо пайи ёре давида.
Қарин бо оҳу бо сўзи дигарҳо,
Шудам як ишқомўзи дигарҳо,
Шабе бо моҳи рўят доштам ман
Шабе рўшантар аз рўзи дигарҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё