Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Одатан, мафҳумҳои модалии мантиқиро ин тавр ишора менамоянд:
L – зарур, М – имкон, С- тасодуф.
Мафҳумҳои модалии физикӣ (воқеӣ):
□- зарур, ◊- имкон, ∇- тасодуф.
Ишораҳои мазкурро ба назар гирифта, робитаи байни мафҳумҳои модалии алетиро чунин тасвир кардан мумкин аст:

  1. L A∼┐M ┐A 4) □A∼┐◊ ┐A
  2. MA∼┐ L ┐ A 5) ◊A∼┐□ ┐A
  3. CA∼MA M┐А 6) A∼◊A◊┐A
    Дар ин ҷо (~) – аломатест, ки эквивалентнокии гуфторро ифода мекунад. Масалан, формулаи 4-ро ин тавр хондан мумкин аст: «Зарур аст, ки А бошад» эквивалент мебошад ба «нодуруст аст, ки ғайри А имконпазир бошад».
    Инкори ҳукм. Инкори ҳукм – амалест, ки ба тағйири мазмуни мантиқии ҳукм нигаронида шудааст. Дар натиҷа, қимати ҳаққонияти ҳукм тағйир ёфта, ҳукми ҳақ ба ҳукми дурўғ ва ҳукми дурўғ ба ҳукми ҳақ табдил меёбад. Масалан, агар гўянд, ки «ҳамаи донишҷўёни гурўҳи мо аълохон мебошанд».
    Вақте, ки шахси дуюм гуфтори якумро инкор мекунад,ба ў бояд равшан бошад, ки «Баъзе аз донишҷўёни гурўҳ аълохон набошанд». Бинобар ин, инкори гуфтори «Ҳамаи донишҷўёни гурўҳи мо аълохонанд»
    гуфтори «Баъзе донишҷўёни гурўҳи мо аълохон нестанд» аст. Маълум гардид, ки инкори ҳукми куллии тасдиқӣ (А) ҳукми ҷузъии инкорӣ (О) мебошад.
    Ҳангоми инкори ҳукми атрибутивӣ ҳам сифат ва ҳам миқдори ҳукм тағйир меёбад. Инкори куллӣ – ҷузъӣ ва инкори ҷузъӣ – куллӣ аст.
    Инкори ҳукми тасдиқӣ – хукми инкорӣ буда, инкори ҳукми инкорӣ– хукми тасдиқӣ мебошад. Чунин ҳолатро ба таври аёни тавассути схемаи зерин тасвир кардан мумкин аст:

Ҳукми куллӣ Ҳукми тасдиқӣ

Ҳукми ҷузъи Ҳукми инкорӣ

Дар ин ҷо,ҳангоми инкор табдили як ҳукм ба ҳукми дигарро аз рўи самти тирча муайян кардан мумкин аст.
Фарз мекунем, ки ҳукми «Баъзе одамон бо ғалсама нафас мегиранд»
дода шудааст ва инкор кардани он талаб гардидааст. Маълум аст,ки ҳукми мазкур –ҷузъӣ аст.

пешина
аз 262
навбатӣ