Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Тирча нишон медиҳад, ки инкори ҳукми ҷузъи – куллӣ мебошад. Пай бурдан душвор нест, ки ҳукми мазкур тасдиқӣ аст. Натиҷаи инкори ҳукми тасдиқӣ ҳукми инкорӣ мебошад. Бинобар ин, ҳангоми инкори ҳукми мазкур, ҳукми куллии инкорӣ пайдо мешавад. Сохти ҳукми матлуб «Ҳеҷ як S – Р нест» мебошад. Ба ҷои S – «одам» ва ба ҷои Р- «бо ғалсама нафасгиранда»- ро гузошта, ҳукми зеринро пайдо мекунем: «Ҳеҷ як одам бо ғалсама нафас намегирад».
Ҳангоми инкори ҳукмҳои муносибат низ сифат ва миқдори онҳо тағйир меёбанд. Барои мисол ҳукми «Ҳар як ҳуқуқшинос ягон риёзидонро мешиносад» - ро дида мебароем. Ҳукми мазкур аз рўи сифат – тасдиқӣ буда, аз рўи миқдор куллии ҷузъӣ аст. Бинобар ин, дар натиҷаи инкори ҳукми мазкур мо бояд ҳукмеро пайдо намоем, ки аз рўи сифат – инкорӣ ва аз рўи миқдор – ҷузъии куллӣ бошад. Ҳукми матлуб: «Баъзе ҳуқуқшиносон ягон риёзидонро ҳам намешиносанд».
Натиҷаи инкори ҳукми конъюнктивӣ, ҳукми дизъюнктивӣ аст, ки ҳукмҳои таркибаш аз инкори ҳукмҳои конъюнктивӣ иборат мебошанд.
Фарз мекунем, ки ҳукми «Одамон мавҷудоти зиндаанд» ва делфинҳо–мавҷудоти зинда мебошанд» -дода шуда талаб карда шавад, ки мо онро инкор намоем. Натиҷаи инкори ҳукми додашуда, ҳукми зерин аст:
«Одамон – мавҷудоти зинда нестанд, ё делфинҳо – мавҷудоти зинда нестанд». Ба ҳамин тариқ, ҳангоми инкори ҳукми шаклаш (A B) ҳукмеро пайдо мекунем, ки шакли (┐A v ┐B)–ро дорад.
Яъне: ┐(A B) ∼ (┐A v ┐B).
Инкори ҳукми дизъюнктивӣ (ғайриқатъӣ) ҳукми конъюнктивие, ки ҳукмҳои таркибии он инкори ҳукмҳои таркибии дизъюнктивии додашуда аст. Масалан, инкори ҳукми «Борон меборад ё барф меборад» ҳукми «Борон наборидааст ва барф ҳам наборидааст» мебошад.
Дар натиҷаи инкори ҳукми шаклаш (AVB) ҳукми шаклаш (┐A ┐B) ҳосил мешавад: ┐(A V B) ∼ (┐A ┐B).
Инкори ҳукми импликативӣ – ҳукми конюктивие, ки яке аз ҳукмҳои таркибиаш антеседенти (муқаддам)-и ҳукми додашуда буда, дигараш инкори консеквент (толӣ) аст. Ҳангоми инкори ҳукми «Агар Аҳмадов маълумоти олӣ дошта бошад, пас вай яке аз забонҳои хориҷиро медонад»
ҳукми конъюнктивии зерин ҳосил мешавад: «Аҳмадов маълумоти олӣ дорад ва ҳеҷ кадоми забонҳои хориҷиро намедонад».
Инкори ҳукми шаклаш: (A ⊃ B) ҳукми шаклаш (A ┐B) аст:
┐(A ⊃ B) ∼ (A ┐B).
Ҳукми шартиро аз рўи схемаи зерин инкор кардан мумкин аст; ┐(A →
B) ∼ ◊ (A ┐B).

пешина
аз 262
навбатӣ