Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар ин ҷо (→) – аломати пайвандаки «агар.. он гоҳ…» мебошад.
Масалан, инкори ҳукми «Агар кас сиҳатии худро мустаҳкам кунад, он гоҳ вай бемор намешавад» ҳукми зерин аст; «Мумкин, ки кас сиҳатии худро мустаҳкам намояд, лекин бемор бошад».

§6. Муносибати байни қазияҳо.

Ҳангоми баҳсу мунозираҳо, муқоиса намудани нуқтаи назари мухталиф доир ба ҳалли ин ё он масъала ва муайян намудани ҳақ ё дурўғ будани ҳукмҳо донистани муносибати байни ҳукмҳо аҳамияти калон дорад.
Муносибати байни ҳукмҳои атрибутивӣ аз рўи мураббаи мантиқӣ муайян карда мешавад:
муқобилият
A E
т т з т о о и я б б д и д е е д и и и и я я я з т т т

I муқобилияти поёнӣ O

Чӣ хеле, ки аз мураббаи мантиқӣ маълум шуд, дар байни ҳукмҳои куллии тасдиқӣ А ва ҷузъии тасдиқӣ I ва дар байни ҳукмҳои куллии инкории Е ва ҷузъии инкорӣ О муносибати тобеият вуҷуд дорад, ки мувофиқи он аз ҳукми навъи А ҳукми навъи I бармеояд; аз ҳукми навъи Е ҳукми навъи О бармеояд. Ғайр аз он ҳукмҳои навъи А ва I инчунин навъи Е ва О ҳардуяшон ҳақ ё, ки ҳардуяшон дурўғ шуда метавонанд. Ҳукми навъи О натиҷаи инкори ҳукми навъи А ва баръакс мебошад. Муносибати мазкур дар байни ҳукмҳои навъи Е ва I низ ҷой дорад. Ҳукмҳои навъи I ва О якҷоя дурўғ буда наметавонанд, лекин ҳардуяшон якҷоя ҳақ буданашон мумкин аст. Ҳукмҳои навъи А ва Е якҷоя ҳақ буда наметавонанд, лекин мумкин аст, ки якҷоя дурўғ бошанд.
Баробари донистани муносибати байни ҳукмҳои атрибутивӣ ва ҳукмҳои муносибат дар бисёр мавридҳо барои мо лозим меояд, ки муносибати байни ҳукмҳои мураккабро низ донем. Бо ин мақсад якчанд таърифи навъҳои муносибатро меорем, ки онҳо барои ҳамаи ҳукмҳо умумианд.

пешина
аз 262
навбатӣ