Мантиқ

- Муносибате, ки дар он ҳукм натиҷаи мантиқии ҳукми дигар мебошад. Агар ва танҳо агар, робитаи ҳукмҳои Г ва ҳукми В қонуни мантиқро ифода намояд, пас муносибати мазкур дар байни маҷмўи ҳукмҳо Г ва ҳукми В ҷой дошта метавонад. Ин гуна муносибатро чунин ифода менамоянд: Г ⊨ В 2) Муносибати эквиваленти мантиқӣ. Агар ва танҳо агар А⊨ В ва В⊨А бошад, пас муносибати мазкур дар байни ҳукмҳои А ва В ҷой дорад ва онро чунин ифода мекунанд: А ~ В.
- Муносибати мантиқан мувофиқ ҳангоми ҳақ будани ҳукмҳо.
Агар ҳангоми аз шаклҳои мантиқии ҳукмҳои А ва В ҳосил намудани ҳукмҳои мушаххас онҳо дар як вақт ҳукмҳои ҳақ бошанд, он гоҳ ҳукмҳои мазкурро мантиқан мувофиқ мегўянд.
Агар ин гуна ҳукмҳо мавҷуд набошанд, пас ҳукмҳои А ва В – ро мантиқан номувофиқ мегўянд.
- Муносибати мантиқан мувофиқ ҳангоми дурўғ будани ҳукмҳо.
11 Барои дар байни ҳукмҳои А ва В мавҷуд будани муносибати мазкур ҳукмҳои А ва В тавре бояд мавҷуд бошанд, ки аз рўи мазмуни ғайри
11 мантиқиашон аз ҳукмҳои аввала фарқ намоянд. Агар ҳукмҳои А ва В дурўғ бошанд, пас ҳукмҳои А ва В мантиқан мувофиқанд. Дар ҳолати акс ҳукмҳои А ва В мантиқан номувофиқанд. - Муносибати зиддият (контрадикторӣ). Муносибати мазкур дар байни ҳукмҳое ҷой дорад, ки онҳо аз рўи ҳақ ва дурўғ буданашон номувофиқанд.
- Муносибати муқобил (контрарӣ). Муносибати мазкур дар байни ҳукмҳое ҷой дорад, ки аз рўи дурўғ буданашон мувофиқанду аз рўӣ ҳақ буданашон – номувофиқ.
- Муносибати муқобилияти поёнӣ (субконтрарӣ). Ҳукмҳое, ки аз рўи ҳақ буданашон мувофиқанду аз рўи дурўғ буданашон – номувофиқ, муносибати субконтрарӣ доранд.
- Агар ҳукмҳо аз рўи ҳақ ва дурўғ буданашон мувофиқ бошанд ва ҳеҷ кадомашон натиҷаи мантиқии дигаре набошад, пас онҳо мантиқан вобастаанд.
Бояд таъкид намуд, ки мантиқшиносони бузурги тоҷику форс барои муайян намудани муносибати ҳукмҳо диққати махсус додаанд.
Дар осори Ибни Сино, Фахруддини Розӣ, Котибии Қазвинӣ ва махсусан Насируддини Тўсӣ навъҳои мухталифи муносибати ҳукмҳо мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё