Мантиқ

Дар адабиёти илмӣ баъзе муҳақиқон ақидаеро дастгирӣ карданӣ мешаванд, ки мувофиқи он гўё мураббаи мантиқӣ аз тарафи М. Псёл ном олими асри ХIV пешниҳод шуда бошад. Чунин ақида ғалат аст, зеро қариб ду аср муқаддам Насируддини Тўсӣ мураббаи мантиқиро барои ошкор намудани муносибатҳои мухталифи ҳукмҳои атрибутивӣ амиқу возеҳ истифода кардааст.
Барои хонандагон мо мураббаи мантиқиро аз китоби Насируддини Тўсӣ пешкаш менамоем.
Солибаи куллӣ: Тазодҳо Муҷибаи куллӣ:
Ҳеҷ як А-В нест. Кулли А-В аст.
м н у о т т з т о а и о б н қ б е о е и н қ и я а и я т т з т у о м н Солибаи ҷузъӣ: Муҷибаи ҷузъӣ:
Баъзе А-В нест. дохили таҳти тазод Баъзе А-В аст.
Расми 9.
§7. Ифодаи қазияҳо тавассути забони мантиқи предикатҳо.
Мантиқи предикатҳо имконият медиҳад, ки на танҳо муносибати байни ҳукмҳои алоҳида муайян шавад, балки тавассути вай муносибати байни гурўҳи ҳукмҳо низ ошкор гардад. Барои ин ҳукмҳои забони табиӣ дар забони мантиқи предикатҳо бояд ифода шаванд.
Ба ин мақсад, тарзҳои ифодаи ҳукмҳои гуногунро аз назар мегузаронем.
Қазияҳои атрибутивӣ. Фарз кунем, ки ҳукмҳои зерин мавҷуданд; «Кова мавҷуди миранда аст», «Ҳамаи одамон мавҷудоти миранда мебошанд»,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё