Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар чунин ҳолат ҳақ будани натиҷа ҳатмӣ мебошад.
Талаботи қоидаҳою қонунҳои мантиқ, фақат шарти зарурии ба даст овардани фикри мазмунан ҳақ буда, лекин барои он шарти кифоягӣ шуда наметавонад. Барои он, ки қонунҳои мантиқ, ба мазмуни фикр на бевосита, балки бавосита алоқаманданд. Яъне онҳо тавассути узвҳои ҳақиқии мазмуни фикр ба якдигар алоқаманд мешаванд.
Қонунҳои мантиқ ҳам робитаи байни узвҳои фикр ва ҳам байни фикрҳои гуногунро, ки онҳо робитаи заруриро ташкил медиҳанд ифода менамоянд. Робитаи заруриро аз рўи схемаи шаклҳои дуруст муайян мекунанд. Схемаҳои мазкур – формулаҳоеанд, ки барои ҳамаи қиматҳои тағирёбандаҳои таркибӣ қимати «ҳақ»-ро қабул мекунанд. Ингуна формулаҳоро дар мантиқи гуфтор формулаҳои айнан ҳақ меноманд.
Масалан формулаи р р ё р→р, формулаи айнан ҳақ мебошад, чунки барои ҳама гуна қиматҳои р, формулаҳои мазкур қимати «ҳақ»-ро қабул менамояд. Бинобар ин, формулаи р р ё ки р→р – формулаи қонуни айниятро ифода мекунад. Қонуни айният талаб мекунад, ки «ҳар як гуфтор ба худи худаш айният мебошад».
Қонуни маъмули мантиқ, ки онро қонуни инкори дукарата меноманд, чунин аст: ┐┐рр ё ┐┐р→р.
Мувофиқи ин қонун ҳар гуна гуфторро дар шакли инкори дукарата баён кардан мумкин мебошад. Масалан, гуфтори «Душанбе-пой-тахти Ҷумҳурии Тоҷикситон мебошад»-ро чунин баён кардан мумкин аст:
«Нодуруст аст, ки Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад».
Миқдори формулаҳои айнан ҳақ бешумор мебошад. Бинобар ин, адади қонунҳои мантиқ низ бешуморанд. Лекин дар байни онҳо қонунҳои асосӣ ҳамаги чортоанд: қонуни айният, қонуни ғайризиддиятнокӣ, қонуни истиснои солис ва қонуни асосӣ кофӣ.
Қонуни мантиқ – ҳукми мураккабест, ки барои тамоми қиматҳои имконпазири тағйирёбандаҳо импликатсия қимати ҳақ – ро қабул намоянд.
Инро тавассути ҷадвали зерин собит кардан мумкин аст:

р р р → р

ҳ ҳ ҳ

д д ҳ § 2. Қонуни айният.

пешина
аз 262
навбатӣ