Мантиқ

Қонуни мазкур дар мантиқи классикӣ тавассути формулаи р→р (агар р, он гоҳ р) ё ки рр (агар ва фақат агар р, онгоҳ р).
Мазмуни қонуни айниятро чунин шарҳ додан мумкин аст: «ҳар фикр худ ба худ айниятдор аст». Ҳар як фикр, мафҳум дар ҷараёни натиҷагирӣ ва исбот якчанд бор такрор шавад ҳам, мазмуни худро набояд тағйир диҳад.
Қонуни айниятро дар мантиқ тавассути яке аз формулаҳои зерин ифода мекунанд: р р ё р→р. Маънои формулаи мазкур аз он иборат аст, ки
фикри р мазмуни муайян дорад ва ин фикр ҳангоми натиҷагирӣ ва исбот борҳо такрор шавад ҳам р будани худро бояд гум накунад. Яъне дар ҷараёни тафаккур як мафҳуми дорои мазмуни мушаххас бо мафҳуми дигар иваз нашавад.
Мазмуни қонуни айниятро чунин тасреҳ медиҳем: «Ҳар як истилоҳ ҳангоми муҳокимаронӣ бояд дар як нисбат, дар як маъно ва дар як вақт истифода шавад».
Ин чунин, маъно дорад, ки мафҳумҳое, ки мо истифода мебарем дар ҷараёни муҳокимаронии мушаххас на бояд тағйир дода шавад. Ин талабот барои ҳар гуна баҳси дуруст ё ки муҳокима табиист. Таъвизи (ивази) мафҳум – яке аз манбаҳои асосии хатогиҳои мантиқӣ ба шумор меравад.
Агар мафҳумҳо бошуурона, яъне дидаву дониста иваз шаванд, вайро софизм меноманд.
Агар талаботи қонуни айният риоя нашавад, он гоҳ фикрҳои айниятдор ҳамчун фикрҳои гуногун ва баръакс, фикри гуногун айниятдор ҳисобида мешавад. Ин ҳодиса ба хусусияти луғавии забон низ алоқаманд аст, алалхусус, нодуруст истифода шудани синонимҳою омонимҳо низоми мантиқии фикр ва возеҳияти онро вайрон мекунад. Масалан, калимаи «натиҷа» се маъно дорад: а) дар мантиқ қисми ҳукми шартиест, ки аз асос бармеояд; б) ҳукме, ки аз як ё якчанд ҳукм бароварда мешавад «натиҷа»
меноманд; в) дар амалияи судӣ «натиҷа» ҷамъбасти тафтиши ҳолати кори ҷиноиро ифода мекунад.
Яке аз шартҳои зарурии тафаккури дуруст риоя намудани талаботи қонуни айният аст. Баъзан, нодуруст истифода шудани синонимҳо боиси вайрон шудани талаботи қонун мегардад. Дар натиҷа хатои мантиқи руй медиҳад, ки онро таъвизи мафҳум меноманд.
Мисоли латифагиро дида мебароем, ки дар он талаботи қонуни айният бошуурона, яъне дидаву дониста риоя нашудааст: «Пас аз ба анҷом расидани ҷанги Руссия ва Эрон, гурўҳи дарбориёни Пётри 1, бо мақсади масхара кардани Балакирев (масхарабози дўстоштаи Пётри 1) аз ў пурсиданд: дар он ҷо ту чиро дидӣ, бо ки шинос шудӣ ва ба чӣ корҳо машғул шудӣ? Масхарабоз хомўш монд. Пас аз чанд рўз, вақте ки худи шоҳ ва чанде аз наздиконаш ҳузур доштанд, яке аз дарбориён аз вай пурсид: «Оё ту медонӣ, ки забони эрониҳо чӣ гуна аст?».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё