Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Бисёр хуб медонам, - ҷавоб дод Балакирев. Ҳамаи дарбориён дар ҳайрат монданд. Ҳатто шох низ ҳайрон шуд. Ҳамоно Балакирев таъкид мекард, ки «медонам».
Пас, бигў чӣ гуна аст вай? – савол дод Меншиков.

  • Мисли забони ту сурх, Алексаша, - ҷавоб дод масхарабоз.
    Ҳамаи дарбориён хандиданд ва Балакирев хеле мамнун буд, ки вай дастболо гардид».
    Қонуни айният нисбат ба ҳукм ё қазияҳо чунин маъно дорад, ки дар давоми ин ё он муҳокимаронӣ ҳукмҳо на бояд тағйир пазиранд: а) миқдору сифат барои ҳукмҳои сода; б) робитаҳои мантиқӣ дар ҳукмҳои мураккаб.
    Қонуни мазкур асоси баҳсу мунозираро ташкил медиҳад. Агар шахси баҳскунанда ягон фикрро баён карда, гуфта бошад, ки онро исбот мекунад, пас вай то анҷоми баҳс бояд ҳамин фикрро дар назар дошта бошад ва кўшиш накунад, ки фикрро ба фикри дигаре, ки исботи осон аст иваз кунад.
    Агар вай бинад, ки исбот имконнопазир аст, бояд иқрор шавад, ки ҳоло ҳозир аз ўҳдаи исбот баромада наметавонад.
    Қонуни айният, бешубҳа, бо гузашти вақт, тағйир ва инкишофи мазмуни мафҳумро ба эътибор мегирад. Мазмуни мафҳумҳо бо мурури замон тағйир меёбанд. Масалан, мафҳуми «Шаҳри Душанбе солҳои 50 – и асри ХХ» ва мафҳуми «Шаҳри Душанбеи имрўза» ё ки мафҳуми «Тоҷикистони солҳои 70 – уми асри ХХ» ва мафҳуми «Тоҷикистони имрўза» аз ҷиҳати мазмун аз ҳамдигар бо куллӣ фарқ мекунанд. Албатта, ингуна инкишофи мазмуни мафҳумҳо дар қонуни айният ба эътибор гирифта мешавад.
    Бояд тазаккур дод, ки дар таъбири қонуни айният аз нуқтаи назари диалектикӣ ва метафизикӣ зиддият мавҷуд аст. Чӣ хеле, ки Ф. Энгелс навишта буд: Принсипи айният ин принсипи асосии ҷаҳонбинии метафизики мебошад: р ≡ р. Яъне, ҳар як ашё худаш ба худаш баробар аст.
    Тамоми ашё - Замин, коинот, низоми Офтоб доимо дар тағйир мебошанд.
    Аз нуқтаи назари диалектика, қонуни айният дорои табиати нисбист.
    Айният ё худ баробарии мутлақ дар асл вуҷуд надорад. Лекин дар ҷараёни тафаккур, мо метавонем, дар ҳудудӣ муайян, тағйири ашёро ба назар нагирем.
    Хулоса, айният донистан (индентификатсия) дар амалияи тафтишот васеъ истифода мешавад. Масалан, ҳангоми шинохти чиз, одамон, мувофиқ кардани ҳусни хат, ҳуҷҷатҳо, имзо, изи ангуштҳои даст ва ғайра.
    § 3. Қонуни безиддиятнокӣ.
пешина
аз 262
навбатӣ