Мантиқ

Агар, мо ягон фикрро нисбати ягон чиз тасдиқ кунему, дар айни ҳол ҳамин фикрро нисбати ҳамон чиз инкор намоем, дар чунин ҳолат мегўянд, ки фикрҳои гуфта шуда зиддиятноканд.
Файласуф ва олими Юнони қадим Арасту гуфтааст, ки дар байни фикрҳои мабодӣ дурусттаринаш чунин аст: мумкин нест, ки як чиз дар як вақт ба чизи дигар дар як нисбат ҳам тааллуқ дошта ва ҳам надошта бошад.
Ҳамин тариқ, Арасту баёни қонуни мантиқии безиддиятнокиро додаст: «Мумкин нест, ки ягон чиз якҷоя тасдиқ ва инкор шавад». Чунин баён ба он далолат мекунад, ки дар ҷараёни фаъолияти фикрӣ инсон набояд ҳукмҳои зиддиятнокро истифода барад, вагарна муҳокимаю мулоҳизааш нодуруст сурат мегирад.
Мувофиқи қонуни безиддиятнокӣ ҳукмҳо, фикрҳо ва гуфтори ба ҳам зид дар бораи як чиз дар як вақт якбора ҳақ намешаванд. Масалан ҳукмҳои зерин: «Садриддин Айнӣ муаллифи романи «Ғуломон» аст» ва «Садриддин Айнӣ муаллифи романи «Ғуломон» нест» ё ин ки «2>1» ва «2<1» дар як вақт ҳақ шуда наметавонанд.
Агар дар бораи чизҳои ҳархела ё худ дар бораи як чиз, лекин дар вақтҳои гуногун ё дар нисбати ҳархела гуфта шавад, фикрҳо зиддиятнок намешаванд. Масалан, агар мо гўем, ки «фасли тирамоҳ боридани борон барои замбурўғҳо муфид мебошад» ва «фасли тирамоҳ боридани борон барои ҷамъоварии ғалла зарарнок мебошад» ё ки «Каримов – устоди варзиш (аз рўи тенниси рўи миз аст) ва «Каримов- устоди варзиш (аз рўи шоҳмот) намебошад», дар байни ин ҳукмҳо ягон зиддият нест, чунки онҳо дар як вақт ҳақ шуда метавонанд. Дар ҳукмҳои мазкур ашёи фикр дар нисбатҳои гуногун гирифта шудааст. Ҳукмҳои «Каримов варзишгари хуб (аз рўи футбол) аст» ва «Каримов варзишгари хуб (аз рўи футбол) нест» бо ҳам зид буда наметавонанд, ба шарте, ки ҳукмҳо нисбати вақтҳои гуногун гуфта шуда бошанд. Лекин, агар онҳо нисбати як вақт гуфта шуда бошанд, зиддиятноканд.
Ҳукмҳои соддаи зерин дар як вақт ҳақ буда наметавонанд:
- «Ин S-Р аст» ва «Ин S-Р нест»; 2. «Ҳеҷ як S-Р нест» ва «Ҳамаи S-Раст»; 3. «Ҳамаи S-Раст» ва «Баъзе S-Р нест»; 4. «Ҳеҷ як S-Р нест» ва «Баъзе S-Р аст».
Зиддияти мантиқӣ аксар вақт тавассути конъюнксияи ҳукм ва инкори он (р ваℸр) ифода мешавад. Лекин зиддияти мантиқиро бидуни инкор низ ифода кардан мумкин мебошад.
Қонуни безиддиятнокӣ чунин тасреҳ меёбад: «Ду ҳукми муқобил дар як вақт ва дар як нисбат ҳақ шуда наметавонад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё