Мантиқ

Агар дар тафаккур ва нутқи ягон кас зиддияти мантиқӣ ҷой дошта бошад, ингуна фикрро нодуруст меҳисобанд ва ҳукме, ки аз он зиддият бармеояд инкор мешавад ва дурўғ ба шумор меравад.
Қонуни безиддиятнокӣ тавассути формулаи зерин ифода карда мешавад: ┐(р┐р), яъне «Нодуруст аст, ки р ва ғайри – р бошад».
Қонуни мазкур ба он далолат мекунад, ки мо дар муҳокимаронии хеш на бояд ба зиддият роҳ диҳем, яъне дар як вақт ягон чизро ҳам тасдиқ ва ҳам инкор кардан мумкин нест.
Дар мантиқи асрмиёнагӣ қоидае баён шуда буд, ки мувофиқи он «Аз чизи дурўғ ҳар чӣ бармеояд». Қоидаи мазкур қонуни безиддиятнокиро ифода мекард. Дар мантиқи классикӣ ин қоида ҳамчун қонуни Дунс Скотт шакли рамзиашро гирифтааст: (р┐р)→В. Дар ин ҷо, В – ҳукми дилхоҳ буда метавонад. Шарҳи шухиомезонаи ин қонунро риёзидон, мантиқшинос ва файласуфи забардасти англис Б. Рассел пешниҳод кардааст. Пешниҳоди Б.
Рассел чунин аст: «агар 2х2=5 бошад, пас ў папаи Рим мебошад». «Исбот»
чунин сурат гирифтааст: дода шудааст, ки 2х2=5 мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки 4=5 аст. Аз ҳар ду тарафи баробари 3-ро тарҳ мекунем (мувофиқи қоидаҳои риёзиёт ин мумкин аст.). Дар натиҷа, мо ҳосил менамоем, ки 1=2 аст. Агар ҷои тарафҳои баробариро иваз кунем (аз нигоҳи риёзиёт ин ҳам мумкин аст), пас 2=1 мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки папаи Рим ва ман ду нафарем. Лекин мо исбот кардем, ки 2=1 аст. Бинобар ин, ман папаи Рим ҳастам».
Қонуни безиддиятнокӣ нисбати тафаккури мо талаботи муҳимро ифода мекунад: агар ҳангоми муҳокимарон, мо ба зиддият дучор шавем, ин маънои онро дорад, ки тафаккурамон роҳи нодурустро пеш гирифтааст.
Барои ин зарур аст, ки ба қафо баргардем то ки манбаи зиддиятро бартараф намоем.
Қобили тазаккур аст, ки зиддияти мантиқӣ аз зиддияти диалектикӣ фарқ кунонида шавад. Зиддияти диалектикӣ дар табиат, ҷомеа ва тафаккур амал мекунад. Зиддиятҳои диалектикӣ неруи ҳаракатдиҳандаи инкишофи табиат, ҷомеа ва маърифат мебошанд. Зиддиятҳои мантиқӣ аз зиддиятҳои диалектикӣ вобастагӣ надоранд, Қонуни ғайризиддиятнокии мантиқӣ – қонуни фикр аст. Агар мо нисбат ба як чиз, айнан дар як вақт чизеро ҳам тасдиқ ва ҳам инкор кунем, фикрамон зиддиятнок мешавад. Бинобар ин, қонуни ғайризиддиятнокиро ба тариқи зайл баён мекунем: «Ду ҳукми бо ҳам зид, дар як вақт, оиди як масъала, якбора ҳақ шуда наметавонанд».
Таъкид кардан ба маврид аст, ки қонуни мазкур оид ба дурўғ будани ҳукм чизе намегўяд. Дар ин бора қонуни истиснои солис баҳс мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё