Мантиқ

§ 4. Қонуни истиснои солис (сеюм).
Қонуни мазкур ба он асос ёфтааст, ки ҳукм метавонад аз ду қимат, «ҳақ» ё «дурўғ», танҳо яктоашро дошта бошад. Барои ҳамин, Арасту тавассути ҳафт далел собит кардааст, ки қонуни истиснои солисро инкор кардан имконнопазир аст.
Дар мантиқи дуқимата қонуни истиснои солис ин тавр баён мешавад:
«Аз ду ҳукми бо ҳам зид, яке ҳақ, дигаре дурўғ ва ҳолати сеюм истисно аст». Ҳукмҳои зид гуфта чунин ду ҳукмро меноманд, ки дар яке аз онҳо чизе нисбати ашё тасдиқ мешавад ва дар дигараш ҳамон чиз нисбати ҳамон ашё инкормешавад. Барои ҳамин ҳам онҳо якҷоя на ҳақ ва на дурўғ мебошанд. Яке аз онҳо ҳақ ва дигараш ҳатман дурўғ мебошад. Ин гуна ҳукмҳоро ҳукмҳои якдигарро инкоркунанда низ меноманд.
Қонуни мазкурро баъзан бо номи лотиниаш tertium non datur меноманд, ки маънояш «сеюминаш дода нашудааст» мебошад. Қонунро бо таври рамзӣ ин тавр ифода мекунанд: рv┐р. Формулаи мазкур чунин хонда мешавад: аз ду ҳукми р ва ┐р фақат яктоаш ҳақ аст.
Ҳамин тариқ, мувофиқи қонуни истиснои солис ду фикр, ду ҳукми бо ҳам зид, ки дар як вақт, нисбати як ашё гуфта шудааст, якбора дурўғ ё ҳақ, шуда наметавонанд. Яке аз ин ҳукмҳо ҳақ бошад, дигараш дурўғ аст ва баръакс, яке аз онҳо дурўғ бошад, ҳукми дигар ҳақ аст. Ҳолати сеюм истисно мешавад.
Нисбати ҳукмҳои бо ҳам зид (контрадикторӣ) ҳам қонуни безиддиятнокӣ ва ҳам қонуни истиснои солис амал мекунанд. Ин аст яке аз умумияти қонунҳои мазкур. Фарқи байни ин қонунҳо дар он аст, ки доираи истифодаи қонуни безиддиятнокӣ назар ба қонуни истиснои солис дида васеътар мебошад. Масалан, нисбат ба ҳукмҳои муқобил А ва Е танҳо қонуни безиддиятнокӣ амал мекунад. Зеро ҳукмҳои мазкур, дар як вақт, метавонанд якҷоя дурўг бошанд. Лекин ҳукмҳои А ва О ё Е ва I дар як вақт на ҳақ ва на дурўғ мебошанд.
Қонуни истиснои солис ҳангоми исботи хулф, ки бештар дар риёзиёт кор фармуда мешавад, нақши муҳим мебозад. Масалан, барои исботи ягон теорема (Т), фарз мешавад, ки (┐Т) ҳақ аст. Сипас, аз Т ва ┐Т зиддиятро пайдо мекунанд. Зиддият аз он гувоҳ, медиҳад, ки (┐Т) дурўғ аст (зимни қонуни безиддиятнокӣ). Аз ин ҷо натиҷа бармеояд, ки агар (┐Т) – дурўғ бошад, пас дар асоси қонуни истиснои солис (Т) – ҳақ, ҳолати сеюм истисно аст.
Бояд тазаккур дод, ки худи Арасту пай бурда буд, ки қонуни мазкурро нисбати баъзе гуфтор истифода бурдан мумкин нест. Масалан ҳукмҳои «Фардо муҳорибаи баҳрӣ мешавад» ва «Фардо муҳорибаи баҳрӣ намешавад» имрўз на ҳақ ва на дурўғ балки ҳар дуяшон номуайян мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё