Мантиқ

Намуди охирини ҷадвали ҳаққоният ин тавр мешавад:
(р → (q → r)) → (( р → q) → (р → r))
ҳ ҳ ҳ ҳ ҳ ҳ ҳ ҳ ҳ ҳ ҳ ҳ ҳ
ҳ д ҳ д д ҳ ҳ ҳ ҳ д ҳ д д
ҳ ҳ д ҳ ҳ ҳ ҳ д д ҳ ҳ ҳ ҳ
ҳ ҳ д ҳ д ҳ ҳ д д ҳ ҳ д д
д ҳ ҳ ҳ ҳ ҳ д ҳ ҳ ҳ д ҳ ҳ
д ҳ ҳ д д ҳ д ҳ ҳ ҳ д ҳ д
д ҳ д ҳ ҳ ҳ д ҳ д ҳ д ҳ ҳ
д ҳ д ҳ д ҳ д ҳ д ҳ д ҳ д
Чӣ хеле мебинем, формулаи додашуда барои тамоми қиматҳои имконпазири тағйирёбандаи гуфтор, қимати «ҳақ»-ро қабул мекунад. Формулае, ки барои ҳамаи қиматҳои имконпазири тағйирёбанда қимати «ҳақ»-ро қабул менамояд, формулаи айнан ҳақ ё қонуни мантиқ номида мешавад.
Формулае, ки барои ҳамаи қиматҳои имконпазири тағйирёбанда қимати «дурўғ»-ро қабул менамояд, формулаи айнан дурўғ ё зиддият ном дорад.
Формулае, ки ақаллан барои баъзе қиматҳои тағйирёбанда қимати «ҳақ»-ро қабул менамояд, формулаи иҷрошаванда меноманд.
Мантиқи гуфтор, ки мо онро бо усули ҷадвал баён намудем, барои муайян кардани дурустӣ ё нодурустии муҳокимаҳо ба таври васеъ истифода мешавад.
Одатан, аз муқаддимаҳои мавҷуда гирифтани натиҷаро ин тавр ифода мекунанд: аз муқаддимаҳои Г натиҷаи В бармеояд (Г⊨В), агар формулаи Г→В айнан ҳақ бошад. Дар ин ҷо Г аз конъюнксияи муқаддимаҳо иборат буда, В натиҷа аст. Яъне, барои санҷидани он, ки аз муқаддимаҳои мавҷудаи Г, натиҷаи В мебарояд ё не, онҳоро бо ёрии импликатсия бо ҳам пайвастан лозим аст. Баъд бо ёрии ҷадвали импликатсия санҷидан лозим аст, ки формулаи айнан ҳақ шуда метавонад ё не. Ҳангоми айнан ҳақ будани формулаи Г→В, В ҳама вақт ҳамчун натиҷа аз Г бармеояд.
Барои мисол, муҳокимаи зеринро аз назар мегузаронем: «Агар Каримов иштирокчии ин ҷиноят бошад, пас ў каси ҷабрдидаро мешинохт. Каримов ҷабрдидаро намешинохт, лекин завҷаи ўро мешинохт. Каси ҷабрдида Каримовро мешинохт. Бинобар ин, Каримов иштирокчии ин ҷиноят аст».
Барои муайян намудани дурустии муҳокимаи мазкур зарур аст, ки амалҳои зерин иҷро карда шаванд:
Якум, гуфтори содае, ки дар таркиби муҳокимаи мазкур дохиланд, бояд бо аломатҳои гуногун ишора гарданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё