Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

р - «Каримов иштирокчии ин ҷиноят аст», q - «Каримов каси ҷабрдидаро мешинохт», r – «Каримов завҷаи ҷабрдидаро мешинохт», s – «Каси ҷабрдида Каримовро мешинохт», Дуюм, муқаддимаҳо ва натиҷаро, дар забони мантиқи гуфтор ифода кардан лозим аст.
Муқаддимаҳо бо формулаҳои зерин ифода меёбанд:

р→q, ┐qr, s

Натиҷа бошад бо формулаи р ифода шудааст (дар мисоли мо пайвандаки «лекин» ба ҷои пайвандаки «ва» омадааст).
Сеюм, формулаҳое, ки муқаддимаҳоро ифода менамоянд, бояд мунтазам бо аломати конъюнксия пайваст шаванд.
Дар натиҷа формулаи зерин ҳосил мешавад:

((р→q) (ℸqr)) s;

Чаҳорум, ба тарафи рости формулаи ҳосилшуда тавассути аломати импликатсия формулаи натиҷаро ҳамроҳ карда ҳосил мекунем;

((р→q) (┐qr)) s →р;

Панҷум, барои формулаи ҳосилшуда ҷадвали ҳаққониятро тартиб додан лозим аст.
Агар формулаи мантиқи гуфтор, ки шакли рамзии муҳокима аст, формулаи ҳақ бошад, он гоҳ гуфтан мумкин аст, ки муҳокима дуруст аст ва агар формула айнан дурўғ бошад, он гоҳ муҳокима нодуруст аст. Формула метавонад, айнан ҳақ набуда, иҷрошаванда бошад. Дар чунин мавридҳо, гуфтан мумкин аст, ки муҳокима нодуруст мебошад, ба шарте, ки дигаргун сохтани таркиби дохилии ҳукмҳои сода имконнопазир бошад. Дар ҳолати баръакс, доир ба дуруст ё нодуруст будани муҳокима ягон чиз гуфтан мумкин нест. Барои муайян намудани дурустӣ ё нодурустии муҳокима вайро тавассути мантиқи предикатҳо санҷидан лозим аст.
Агар дар муҳокимаҳо гуфтори содаи дорои калимаҳои кванторӣ «ҳамаи» («кулли»), «баъзе» иштирок надошта бошанд, он гоҳ дар онҳо ҳукмҳои соддаро аз рўи сохти дохилиашон тағйир додан мумкин нест.
Ҳангоми иштироки кванторҳо имконияти баровардани натиҷа аз муқаддимаҳо пайдо мешавад, зеро мумкин аст, ки сохти дохилии ҳукмҳои сода тағйир дода шавад.

пешина
аз 262
навбатӣ