Мантиқ

Дар чунин ҳолат ҳам, таҳлили муҳокимаро давом додан лозим аст. Масалан, санҷидан лозим аст, ки муҳокима дорои гуфтори содаи истилоҳҳои якхела аст ё не. Барои мисол, ду гуфтори зеринро дида мебароем:
«Ҳамаи донишҷўёни гурўҳи мо аълохонанд» ва «Баъзе донишҷўёни гурўҳи мо аълохонанд». Гуфторҳои мазкур гуногун бошад ҳам, истилоҳҳояшон якхела мебошанд.
Агар дар таркиби муҳокимаҳо ин гуна гуфтор набошад, пас гуфтан мумкин аст, ки муҳокимаи мазкур нодуруст мебошад. Ҳангоми мавҷуд будани чунин гуфтор дар бораи нодурустии муҳокима хулоса баровардан ҳаргиз мумкин нест.
Акнун ба муҳокимаи болоӣ бармегардем ва барои формулаи вай ҷадвали ҳаққониятро тартиб медиҳем:
((р → q) (ℸq r)) s → р
ҳ ҳ ҳ д д д ҳ д ҳ ҳ ҳ
ҳ ҳ ҳ д д д ҳ д д ҳ ҳ
ҳ ҳ ҳ д д д д д ҳ ҳ ҳ
ҳ ҳ ҳ д д д д д д ҳ ҳ
ҳ д д д ҳ ҳ ҳ д ҳ ҳ ҳ
ҳ д д д ҳ ҳ ҳ д д ҳ ҳ
ҳ д д д ҳ ҳ д д ҳ ҳ ҳ
ҳ д д д ҳ д д д д ҳ ҳ
д ҳ ҳ д д д ҳ д ҳ д д
д ҳ ҳ д д д ҳ д д ҳ д
д ҳ ҳ д д д д д ҳ д д
д ҳ ҳ д д д д д д ҳ д
д ҳ д ҳ ҳ ҳ ҳ ҳ ҳ д д
д ҳ д ҳ ҳ ҳ ҳ д д ҳ д
д ҳ д д ҳ д д д ҳ д д
д ҳ д д ҳ д д д д ҳ д
Чӣ хеле, ки мебинем, формулаи мазкур дар чор ҳолат (қатораҳои 9,11,13 ва 15) дурўғ мебошад. Бинобар ин формула айнан ҳақ шуда наметавонад, вай формулаи иҷрошаванда мебошад. Азбаски дар формулаи мазкур, гуфтори содаро аз рўи сохти таркибашон тағйир додан мумкин нест (зеро ба онҳо калимаҳои кванторӣ дохил нестанд), бинобар ин аз инҷо чунин хулоса бармеояд, ки муҳокимаронии боло, нодуруст аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё