Мантиқ

Акнун баъзе натиҷагириҳоеро аз назар мегузаронем, ки ба натиҷагириҳои мантиқи гуфтор мансубанд. Ба ин гурўҳ натиҷагириҳои зерин дохил мешаванд: натиҷагириҳои шартии соф, шартию қатъӣ, мунфасили қатъӣ, шартию мунфасила ва ғайра.
Натиҷагирии шартии соф. Натиҷагирие, ки дар он, ҳар ду муқаддима ҳукмҳои шартианд, натиҷагирии шартии соф номида мешавад.
Масалан: Агар воситаҳои истеҳсолот дар дасти шахсони алоҳида ё қисми ҷомеа бошад, он гоҳ моликият характери хусусӣ гирифта, муносибати одамон ба воситаҳои истеҳсолот низ гуногун мешавад.
Агар муносибати одамон ба воситаҳои истеҳсолот гуногун бошад, он гоҳ дар ҷомеа муносибати ҳукмронию тобеият ба вуҷуд меояд.
Агар воситаҳои истеҳсолот дар дасти шахсони алоҳида ё қисми ҷомеа бошад, он гоҳ дар ҷомеа муносибати ҳукмронию тобеият ба вуҷуд меояд.
Натиҷагирии мазкурро дар забони мантиқи гуфтор ин тавр ифода кардан мумкин аст:
(р →q) (q → r) р→r Ин натиҷагирӣ ба қоидаи зерин асос ёфтааст: Натиҷаи натиҷа натиҷаи асос мебошад.
Барои санҷидани дурустии натиҷагирии мазкур муқаддимаҳо ва натиҷаро бо аломати импликатсия (→) бо ҳам пайваст намуда, ҷадвали ҳаққоният тартиб додан лозим аст.
((р →q) (q→r)) →(р→r)
Бояд таъкид намуд, ки барои ҳама гуна қиматҳои p,q,r қимати импликатсияи сеюм ҳамеша ҳақ мешавад.
Агар ҳамаи қиматҳои импликатсияи асосӣ ҳақ шавад, он гоҳ натиҷагирии додашударо дуруст шуморидан мумкин аст.
Натиҷагирии шартию қатъӣ. Ин навъи натиҷагириро мо дар §2 ҳамин боб мухтасар баён кардем. Натиҷагирии мазкур чор шакл дорад, ки дутои он дуруст ва дутои дигараш нодуруст мебошанд.
Барои санҷидани дурустӣ ё нодурустии шаклҳо ҳар дуи муққадимаҳоро бо аломати конънюксия () пайваст намуда, баъд ба формулаи ҳосилшуда формулаи натиҷаро бо аломати импликатсия (→) илова кардан лозим аст.
а) ((р→q) р) → q; б) ((р→q) ℸр) → ┐q; в) ((р →q) ℸq) →┐р; г) ((р →q) q) →p Агар тавассути ҷадвали ҳакконият бисанҷем маълум мегардад, ки а) ва в) формулаҳои айнан ҳак (ё худ қонунҳои мантиқ) мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё