Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Формулаҳои б) ва г) айнан ҳақ шуда наметавонанд.
Худатон мустқилона санҷед.
Чӣ хеле, ки мебинем, бунёди натиҷагирии шартию қатъӣ тобеи ду қоидаи зеринанд:
а) тасдиқи асос боиси тасдиқи натиҷа мегардад; б) инкори натиҷа боиси инкори асос мешавад.
Аммо, одамони аз мантиқ кам огоҳӣ дошта баъзан аз инкори асоси ҳукми шартии ҳақ дар муқаддимаҳо ба инкори натиҷа дар хулоса ё аз тасдиқи натиҷа ба тасдиқи асос мегузаранд. Дар натиҷа, аксаран, аз муқаддимаҳои ҳақ хулосаҳои дурўғ ҳосил мешавад. Масалан, дар ҳар ҷамъияти синфӣ давлат мавҷуд аст. Аммо аз ин хулоса баровардан шарт нест, ки баробари барҳам хўрдани синфҳо давлат низ аз байн меравад. Давлат дар ҷамъияти бесинф ҳам дар шароити муайян то вақти аз байн рафтани шароити берунаи мавҷудияташ боқӣ мемонад. Натиҷагирии зеринро тартиб медиҳем:

Агар дар ҷамъият синфҳо бошанд, пас дар он давлат ҳаст.
Дар ин ҷамъият синфҳо нестанд.
Дар ин ҷамъият давлат вуҷуд надорад.

Натиҷаи натиҷагирии мазкур метавонад дурўг бошад, зеро натиҷа хулосаи мантиқии муқаддимаҳо шуда наметавонад. Барои собит намудани ин натиҷагирии мавҷударо бо ҷадвали семантикӣ (ҷадвали ҳаққоният) месанҷам:

р - «дар ҷамъият синфҳо ҳастанд»
q – «дар ҷамъият давлат ҳаст»
┐р – «дар ин ҷамъият синфҳо нестанд»;
┐q – «дар ин ҷамъият давлат вуҷуд надорад»;

р →q, ┐р
┐q

Муқаддимаҳоро бо аломати конъюнксия пайваст намуда, баъд ба формулаи ҳосилшуда натиҷаро бо аломати импликатсия (→) илова менамоем:
((р →q) ┐р)→ ┐q;

пешина
аз 262
навбатӣ